суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, 6 октябри соли 2014
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Мояи ифтихор ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон аст, ки мо баъди садсолаҳо ба истиқлолияти давлатӣ расидем ва дар ин замина бо истифода аз анъанаву суннатҳои давлатсозии ниёгонамон ва таҷрибаи кишварҳои мутамаддину пешрафта ба бунёди давлатдории миллии худ оғоз намудем.
Маҳз дар заминаи истиқлолияти давлатӣ ва заҳмати ватандӯстонаи мардуми сарбаландамон ҳамаи гӯшаву канорҳои мамлакатамон сол аз сол обод гардида, ҳар сол садҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ва корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Қобили зикр аст, ки ҳадаф аз сафари имрӯзаи мо шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Панҷ, ҷараёни иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти сокинони он мебошад.
Аз субҳи имрӯз мо дар маросими ба истифода додани як қатор иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла маркази савдо, меҳмонхона ва коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Панҷ иштирок намуда, дар намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ бо маҳсули дасти сокинони ҳунарманди ноҳия аз наздик шинос шудем. Ва бори дигар бовар ҳосил кардем, ки бо азму талоши фарзандони бонангу номус ин гӯшаи диёрамон низ тадриҷан обод мегардад ва барои рушди бахшҳои гуногун, аз ҷумла соҳибкорӣ заминаҳои мусоид фароҳам гардидааст.
Зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагии деҳқонии “Ҷонон”-и Ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинов баръало маълум гардид, ки заҳматкашони ноҳия дорои таҷрибаи ғании истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки кору фаъолияти ободгаронаи соҳибкорони маҳаллӣ дар самти ободонии ноҳия воқеан шоистаи таҳсин ва дастгирӣ мебошад.
Бо мақсади идомаи тадбирҳои созанда ба роҳбарияти вилоят ва ноҳия супориш дода шуд, ки аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ҷиҳати рушди бахшҳои гуногун ва ободонии деҳоти ноҳия, бахусус таъмиру асфалтпӯш намудани роҳҳои маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Имрӯз сокинони кишвар хуб дарк кардаанд, ки тамоми пешравиҳои мо дар самти рушди босуботи мамлакат, пеш аз ҳама, аз баракати соҳибистиқлолии кишвар, ваҳдату ягонагӣ ва суботу оромии ҷомеа, бахусус ягонагиву сарҷамъии миллат ба даст омадаанд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки омили муҳими ҳалли мушкилот аз ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии миллат сарчашма мегирад ва мо метавонем бо заҳмати созандаву аҳлонаи худ сарзамини аҷдодиамонро боз ҳам ободу зебо намуда, дар роҳи тараққиёти он қадамҳои устувору бузургтар гузорем.
Хотирнишон кардан зарур аст, ки дар давоми 10 соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Панҷ 223 миллион сомонӣ равона шудааст, ки ин маблағҳо барои таъмин намудани фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмон, навсозии роҳҳо ва дастгирии буҷети ноҳия харҷ гардидаанд.
Дар ин давра танҳо кумаки мақсаднок барои буҷети ноҳия ва пардохти нафақа 113 миллион сомониро ташкил додааст. Зеро ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат, пеш аз ҳама, таъмини рушди бахшҳои гуногун, таҳкими ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат мебошад.
Дар ноҳияи Панҷ пайваста афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот имконият додааст, ки нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети маҳаллӣ, инчунин даромади аҳолӣ сол аз сол афзоиш ёбанд. Танҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба буҷети ноҳияи Панҷ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ 11,5 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии буҷети ноҳия 11 миллион сомонӣ субвенсия ҷудо шудааст. Ҳамчунин дар ин давра 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ татбиқ шудааст. Умуман аз соли 2006 то ҳол дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ноҳия беш аз 41 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.
Дар баробари ин, ҳоло татбиқи панҷ лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзиву обтаъминкунӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар кардани таъминоти аҳолии ноҳия бо оби нӯшиданӣ идома дорад. Бо ин мақсад дар се соли оянда зиёда аз 18 миллион сомонӣ равона карда мешавад. Илова бар ин, танҳо барои барқарорсозии шабакаи обтаъминкунии ноҳия зиёда аз 80 миллион сомонӣ маблағҳои сармоягузорӣ ҷалб карда шудаанд. Ин иқдом имкон медиҳад шабакаи обрасонии ноҳия, ки солҳои 50-уми асри гузашта сохта шудааст, азнавсозӣ карда шавад.
Бинобар ин, ба Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзиливу коммуналӣ” ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати сари вақт ва босифат амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Инчунин, ба сохтору мақомоти дахлдор, пеш аз ҳама, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар доираи ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ доир ба рушди соҳибкорӣ ва дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ чораҳои мушаххасро амалӣ созанд.
Солҳои охир бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ пешниҳоди маблағҳо аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Агар соли 2004 ба субъектҳои хоҷагидор ва аҳолии ноҳия ҳамагӣ 5,5 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод шуда бошанд, пас ин нишондиҳанда соли гузашта қариб ба 34 миллион сомонӣ расидааст. Яъне пешниҳоди қарз дар 10 соли охир қариб 7 баробар зиёд гардида, танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои рушди соҳибкорӣ 20 миллион сомонӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоиз зиёд мебошад.
Дар натиҷаи амалисозии иқдомҳои зикршуда шумораи соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳия торафт зиёд гардида, теъдоди онҳо имрӯз ба беш аз 5000 нафар расидааст. Ҳамин тавр, дар доираи дастгириҳои давлатӣ ва иқдоми соҳибкорони ватандӯсти ноҳия тӯли ҳафт соли охир 9,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд. Вале ин нишондиҳанда бо дарназардошти шумораи бекорон ва афзоиши аҳолии ноҳия басанда набуда, масъулонро зарур аст, ки роҳҳои иловагии таъсиси ҷойҳои нави кории ба шароити минтақа мувофиқро дарёфт намоянд.
Дар робита ба ин, ба роҳбарони вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд, зеро рушди соҳибкорӣ тавассути воридсозии технологияҳои муосир ва ташкили корхонаҳои нав имкон медиҳад, ки ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, мушкилоти мардум тадриҷан роҳи ҳалли худро пайдо намоянд.
Соли 2013 Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Панҷ барои солҳои 2014-2018 қабул гардида, 151 лоиҳаи афзалиятноки сармоягузориро дарбар мегирад, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 220 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумот сарчашмаи маблағгузории 80 фоизи лоиҳаҳои дар барномаи рушди ноҳия зикршуда муайян буда, барои амалисозии онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 35 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Бинобар ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷро лозим аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” ҷиҳати дарёфти манбаъҳои маблағгузории иловагӣ тадбирҳои судманд андешида, ҳамкориро бо бахши хусусӣ вусъат бахшанд.
Инчунин истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои аз дигар сарчашмаҳои барои татбиқи барномаи рушди ноҳия пешбинигардидаро таъмин намоянд. Илова бар ин, соли 2014 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои сохтмони бинои маъмурии мақомоти ноҳия 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои солҳои 2015-2017 аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ бо мақсади ободонии ноҳия қариб 12 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Айни замон дар ҳудуди ноҳия 10 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии ноҳия соли 2013-ум 55 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2006 ду баробар зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин, фаъолияти корхонаҳои мавҷуда ва ҷараёни таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, суръати рушди соҳибкории истеҳсолӣ, ворид намудани технологияҳои нав ва ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест. Дар робита бо ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони соҳаи кишоварзӣ, роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ ва соҳибкорони маҳаллиро зарур аст, ки дар самти ворид намудани технологияҳои муосир аз шароиту имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба истифода намуда, корро оид ба ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар байни соҳибкорони ноҳия тақвият бахшанд.
Бовар дорам, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо соҳибкорони ватандӯст ва бонангу номуси ноҳия минбаъд низ барои пешрафти соҳаи саноат ва иҷрои амалҳои бунёдкорӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Ҳозирони гиромӣ!
Соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 320 миллион сомонӣ ё 63 фоизи маҷмӯи маҳсулоту хизматрасониҳоро ташкил намудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот аз ҷониби аҳолӣ дуруст ба роҳ монда шудааст. Вале вазъ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативию ҷамоавӣ, ки қисми зиёди заминҳои корам дар ихтиёри онҳо қарор дорад, беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд.
Ҳамчунин захираҳои истифоданашуда дар самти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли зироатҳои ғалладона, пахта, картошкаю сабзавот ва полезиҳо хеле зиёданд. Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулони соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи ҳарчи бештар аз захираву имкониятҳои мусоиди ноҳия, инчунин ҷамъоварии саривақтии ҳосил, гузаронидани кишти тирамоҳӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ ва умуман доир ба ташкили фаъолияти босамари хоҷагиҳои кишоварзӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар натиҷаи татбиқи саривақтии барномаҳои соҳавӣ бахши рустанипарварӣ дар ноҳия тадриҷан рушд карда, соли гузашта нисбат ба соли 2006 истеҳсоли зироатҳои ғалладонагӣ 87 фоиз, картошка 2,7 баробар, сабзавот - 2,1 ва меваҷот 2,5 баробар афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин, нақшаи бунёди боғу токзор 85 фоиз таъмин гардида, майдони кишти пахта дар муқоиса ба соли 1992 қариб чоруним ҳазор гектар кам шудааст. Ҳол он ки рушди соҳаҳои пахтакорӣ ва боғу токпарварӣ метавонад барои таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ, бозори дохилӣ бо меваи ватанӣ ва дар маҷмӯъ ба ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ мусоидат кунад.
Имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 6240 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест, чунки дар ноҳия барои зиёд намудани майдони кишти такрории зироатҳо иқлим ва имкониятҳои мусоид мавҷуданд ва дар ин минтақа солҳои пеш аз кишти такрории шолӣ, мошу лӯбиёгиҳо ва сабзавоту полезӣ ҳосили баланд ба даст меоварданд.
Роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳаро бори дигар таъкид менамоям, ки ҷиҳати оқилонаву самаранок истифода намудани обу замин, зиёд кардани майдони кишти такрории зироатҳо ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои иловагӣ андешида, иҷрои барномаҳои қабулшударо таъмин намоянд. Ҳамчунин зарур аст, ки ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи соҳаи чорводориву парандапарварӣ аз имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода бурда шавад.
Мавриди зикр аст, ки рушди соҳаи кишоварзии ноҳия, пеш аз ҳама, аз фаъолияти мунтазами иншооти обрасонӣ вобаста мебошад. Дар давоми солҳои 2005-2013 дар доираи ду барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии мамлакат дар ноҳияи Панҷ ба маблағи қариб ду миллион сомонӣ дар майдони 3 ҳазору 240 гектар заминҳо корҳои мелиоративӣ гузаронида шудаанд. Илова бар ин, дар давоми 10 соли охир барои барқарор намудани шабакаҳои обрасонӣ 32 миллион сомонӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ 1,5 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Бо вуҷуди ин, ҳоло майдони заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш қариб ду ҳазору 200 гектарро ташкил дода, соли гузашта майдони зиёда аз 800 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст.
Вобаста ба ин, ба Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супориш дода мешавад, ки ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир мунтазам чораҷӯӣ намоянд. Ҳамзамон бо ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки бо дарназардошти мавсими тирамоҳу зимистон якҷо бо роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати захираи маводи сӯзишворӣ ва омодагии ҳамаҷонибаи иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба мавсими зимистон, инчунин захираи хӯроки чорво тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамдиёрони азиз!
Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон дар ноҳияи Панҷ барои бунёду азнавсозӣ ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи иҷтимоӣ хеле корҳо ба анҷом расидаанд. Дар ин муддат маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия сол аз сол афзуда, ҳаҷми он дар соли ҷорӣ ба 22 миллион сомонӣ расидааст, ки назар ба соли 2007 ҳафт баробар зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ, барои сохтмону таъмир ва азнавсозии мактабу муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 17 миллион сомонӣ сарф гардида, зиёда аз 4 ҳазор ҷойи нишасти хонандагон сохта шудааст. Дар ин давра 5 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ ва 10 бинои иловагии таълимӣ сохта, 9 муассисаи соҳаи маориф ва кӯдакистонҳои ноҳия аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд. Дар натиҷаи бунёду азнавсозии муассисаҳои нави таълимӣ имконият фароҳам омад, ки хонандагони дар вагонҳо таҳсилкунанда ба синфхонаҳои нав кӯчонида шаванд. Ҳамчунин бо ҷалби падару модарон ва шахсони саховатпеша ба тариқи ҳашар дар назди чор муассисаи таҳсилоти умумии ноҳия иловатан барои 365 хонанда ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст. Дар назар аст, ки вақтҳои наздик дар мавзеи Бойтудашт бинои нави таълимӣ бо 8 синфхона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.
Ҳоло дар ҳамкорӣ бо ассосиатсияи падару модарон ва созмонҳои маблағгузор дар назди 10 муассисаи таълимии ноҳия ҳуҷраҳои касбомӯзӣ ба роҳ монда шудаанд, ки тадбири мазкур барои ҷалби ҳарчи бештари духтарон ба таҳсилоти миёнаи умумӣ мусоидат мекунад. Бо вуҷуди ин ҳама, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба таъмиру тармими мактабҳои дар ҳолати садамавӣ қарордоштаи ноҳия, таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои иттилоотии муосир, таъсиси марказҳои инкишофи кӯдакон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия чораҷӯӣ намоянд.
Инчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо мақомоту идораҳои дахлдор ҷиҳати таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустии ноҳия ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, таъминот бо мутахассисони соҳибихтисос, баровардани бунгоҳҳои саломатӣ аз биноҳои ғайриихтисосӣ ва беҳтар ба роҳ мондани риояи қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Ҳозирони гиромӣ!
Ба тақозои таърих ноҳияи Панҷ бо давлати ба мо дӯст ва ҳамсояву ҳамзабони Афғонистон ҳамҷавор аст ва сокинони он арзишҳои волои дӯстӣ ва анъанаҳои беҳтарини ҳусни тафоҳуми ҳамсоягиро ҳамеша пос медоранд. Махсусан сохта, ба истифода супурдани пули Панҷи Поён - Бандари Шерхон имконият фароҳам овард, ки мамлакати мо тавассути роҳи кӯтоҳтарин бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ пайванди доимӣ пайдо намояд. Инчунин ҳоло лоиҳаи бунёди хати роҳи оҳани байни давлатҳои Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон мавриди баррасиву чораҷӯӣ қарор дорад. Итминони комил дорам, ки амалишавии ин лоиҳа ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Панҷ низ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандаи худ ҷиҳати беҳтар кардани шароити зиндагии сокинони ноҳия ва бо мақсади фароҳамсозии шароит барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”-ро ташкил кардааст. Истифодаи самараноки имкониятҳои минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ва таъсиси бозори сарҳадӣ ба афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот мусоидат намуда, боиси рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва, албатта, боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳия мегардад.
Имрӯз зимни боздид аз бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба роҳбарону мутахассисон ва шахсони масъул барои бартараф намудани камбудиву мушкилот ва беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои навтаъсис дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Итминон дорам, ки мардуми заҳматқарину шарафманди ноҳияи Панҷ минбаъд низ бо эҳсоси гарми ватандӯстиву нерӯи қавии созанда, бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва сулҳу суботи поянда, хусусан дар арафаи ҷашни 20-солагии қабули санади сарнавиштсози халқамон – Конститутсия барои ободу пешрафта гардидани ноҳия ва ободиву рушди Ватани азизамон ҳамаи саъю талоши худро равона месозанд.
Бо чунин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо дар ҷодаи боз ҳам ободу зебо гардонидани ин гӯшаи зебоманзари диёрамон ва беҳтар намудани зиндагии сокинони ноҳия барори кор орзумандам. Инчунин ҳамаи шуморо бори дигар бо иди саиди Қурбон, ки дирӯз мардуми мо онро дар фазои орому осудаи кишварамон бо шодиву хушҳолии зиёд таҷлил намуданд, самимона табрик мегӯям.
Ҳамеша ободу сарбаланд бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.10.2014 №: 195 Мутолиа карданд: 1417