сафарҳо
САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН
7 октябр аз ноҳияи Ҷиликӯл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Қубодиён ташриф овард.
Дар ин ҷо бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои мақомоти андоз ифтитоҳ ёфт.
Бинои дуошёна дорои 16 ҳуҷраи корӣ буда, беҳтарин шароити корӣ барои кормандон ва кор бо андозсупорандагон, аз ҷумла бо механизми “Равзанаи ягона” муҳайё шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кормандони соҳаи андоз, аз ҷумла таъкид дошт, ки кунун бояд сифати кор ва муносибат бо андозсупорандагон ва ҳам иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз беҳтар шавад.
Дар маркази ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 640 хонанда дар 2 баст оғоз бахшид.
Мактаб тайи 1,5 соли оянда бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ, майдони футбол, толори маҷлисӣ, ошхона, синфхонаю озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои фанҳои дақиқ, дарсҳои забономӯзӣ ва ҳунаромӯзии духтарону писарон иборат хоҳад буд.
Дар паҳлуи мактаб барои омӯзгороне, ки аз дигар минтақаҳо ба кор ҷалб карда мешаванд, хобгоҳ сохта мешавад.
Дар шафати мактаб ҳамчунин бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия бо тарҳи зебои замонавӣ бунёд хоҳад ёфт.
Дар деҳаи Ҳаваскори ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи деҳқони асил Тулқун Кучаров ташриф оварда, бо таҷрибаи пешқадами сабзавоткории аҳли хонаводаи ӯ бевосита шинос шуд.
Зимни боздид аз ҳавлӣ ва қитъаи наздиҳавлигии ин деҳқони заҳматкаш аён гардид, ки ҳар як ваҷаб замин дар ин ҷо пурсамар истифода мешавад. Аз замин хонавода дар як сол 3 ва зиёда аз он ҳосил мерӯёнад. Дар як замин якчанд намуди зироат кошта мешавад, ки ҳар яке пайи ҳам пухта мерасад ва дар ҷойи зироати ҷамъоваришуда дигараш кошта мешавад. Танҳо аз бодиринги қитъаи наздиҳавлигӣ, ки ҳамагӣ 20 садяк аст, онҳо 25 тонна бодиринг гирифтаанд. Онҳо ҳамчунин карам, боимҷон, сабзӣ, қаламфур ва дигар намуди сабзавот парвариш мекунанд. Заминро онҳо тавассути сохтани гармхонаҳои муваққатӣ чор фасли сол пурсамар истифода мебаранд.
Дар деҳаи Ҳаваскор мисли онҳо 200 хонавода аст, ки бо чунин сабзавоткории намунавӣ машғул буда, дар таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза, аз ҷумла сабзавоти зимистона ва барвақтӣ саҳми намоён мегузоранд.
Деҳқони асил Тулқун Кучаров бо фарзандонаш ҳамчунин дар 2 гектар замини корами обӣ хоҷагии деҳқонӣ ташкил намудааст. Ҳамаи аъзои хонаводаи Тулқун Кучаров ва наздиконаш ризқи фарохи худро аз сабзавоткорӣ ҳосил мекунанд.
Дар Ҷамоати деҳоти 20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори намунавии аъзои хоҷагии деҳқонии «Навбаҳор» бевосита шинос шуд.
Хоҷагидорон 22 гектар замини корами обӣ дар ихтиёр дошта, дар 15 гектар пахта ва дар 7 гектари он шолӣ кишт намудаанд.
Шолӣ кишти такрорӣ буда, баъди ҷамъоварии ҳосили гандум кошта шудааст. Аҳли заҳмат аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 50 - сентнерӣ гандум ҷамъоварӣ кардаанд ва бовар доранд, ки аз шолӣ ҳам 50 - сентнерӣ ба даст меоранд, зеро ҳосил фаровон аст. Шолӣ аз кӯчати он ба таври дастӣ дона-дона шинонда шудааст. 1,5 ҳазор гектар заминҳои ноҳия шолизор аст ва аксари қитъаҳо ҳосили фаровон доранд. Тибқи ҳисоби пешакӣ 7-8 ҳазор тонна шолӣ бояд рӯёнда шавад.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти 20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Қубодиён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони мактаб - интернат барои 240 хонандаи ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд оғоз бахшид.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки биноҳои нави ин муассисаи таълимӣ дар зарфи ду сол бо харҷи 9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ бунёд меёбанд. Дар ин ҷо як бинои нави таълимӣ барои 240 тарбиятгиранда, хобгоҳи барҳаво бо 100 кати хоб ва як бинои алоҳида барои толори варзишӣ сохта мешаванд. Ҳоло дар биноҳои куҳнаи ин муассиса 265 нафар тарбиятгирандагон таҳсили илму зиндагӣ мекунанд, ки 70 нафарашон аз ноҳияи Қубодиёнанд.
Дар саҳни ҳавлии муассиса Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми Қубодиён мулоқот намуда, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда ва таъмини рушди босуботи ноҳия ба масъулони ҷумҳуриявию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.10.2014 №: 196 Мутолиа карданд: 1477