сафарҳо
ТАШРИФИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ ХУРОСОН БА БОХТАР
8 октябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Хуросон ба ноҳияи Бохтар омада, нахуст ба қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиа ташриф овард.
Роҳбарияти Вазорати мудофиа ва ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии қисми ҳарбӣ Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Зимни суҳбат бо афсарону сарбозон, аз ҷумла ёдоварӣ шуд, ки ҳайати шахсии ин қисми ҳарбӣ аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтанаш дар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионии Тоҷикистон нақши намоён гузоштаанд ва имрӯз ҳам ин воҳиди низомӣ бо техникаи вазнини ҳарбӣ, яроқу аслиҳаи беҳтарини замони муосир таъмин буда, ҳайати шахсияш омодагии қавии ҳарбӣ доранд. Ҳайати фармондеҳӣ ва шахсии ин қисми ҳарбӣ чун ҳамаи воҳидҳои дигари Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар донишу маҳорати касбии худро дар ҷараёни машғулиятҳои назарию амалӣ ва машқҳои ҳарбии саҳроӣ сайқал медиҳанд ва дар ҳолати хуби омодагии доимии ҳарбӣ қарор доранд.
Омодагии баланди касбӣ ва обутоби хуби ҷисмонию рӯҳии онҳо аз қадамзании устувору гурдонаи ҳар як афсару сарбози ин қисми низомӣ, ки зимни расми гузашти низомӣ намоиш дода шуд, ҳувайдо аст.
Зимни боздид аз толорҳои варзишӣ ва обутоби бадани қисми ҳарбӣ бори дигар собит гардид, ки дар ин қисми ҳарбӣ ҷавонони солиму бардам, ғаюру ватандӯст ва ҷонфидои Ватан адои хизмат мекунанд.
Дар ҷараёни шиносоӣ бо рафти омодагии қисми низомӣ ба зимистон ва захирасозии озуқаворӣ, аён гардид, ки қисми ҳарбӣ дорои хоҷагии хуби ёрирасон буда, дар он ҳам чорвои хурду калон ва ҳам зироатҳои гуногун барои таъмини мустақилона бо маводи ғизоӣ парвариш меёбанд.
Ошхонаи қисми ҳарбӣ хеле зебою муҷаҳҳаз буда, иборат аз 4 толор бо 460 ҷойи нишаст мебошад.
Толори фарҳангии қисми ҳарбӣ имкон медиҳад, ки дар он тамоми намуди чорабиниҳои фарҳангию дилхушӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шаванд. Дар даромадгоҳи толори фарҳангӣ гӯшаи ёдоварӣ аз қаҳрамонон ва шаҳидони ин қисми ҳарбӣ ороста шудааст. Ин гӯшаи ёдоварӣ осорхонаеро мемонад, ки аз таърихи талхи солҳои муноқишаҳои дохилии Тоҷикистон, ҷонфидоиҳои афсарону сарбозон дар роҳи барқарорсозии ҳокимияти конститутсионии Тоҷикистон ва таҳкими амнияту субот дар кишвари азизи мо ҳикоят мекунад.
Дар ҳудуди қисми низомӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шифохонаи нави ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки номи «Шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон»-ро дорад. Шифохона бо маблағгузории Ҳиндустон дар муддати кӯтоҳ сохта ва бо таҷҳизоти муосири муоинаю муолиҷа муҷаҳҳаз карда шудааст ва дорои 50 кати хоб мебошад. Дар ин шифохона муддати 2 сол 73 нафар мутахассисони баландпояи Ҳиндустон кор карда, ҳамзамон ҳамкасбони тоҷики худро барои кор бо таҷҳизоти навтарини дар ин ҷо насбгардида меомӯзонанд. Зеро тамоми таҷҳизот сохти Ҳиндустон буда, ба стандартҳои пешқадами ҷаҳонӣ мутобиқанд.
Бинои шифохона сеошёна буда, дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, гинекологӣ, дору-созӣ ва ғайра мебошад. Барои нигоҳдории доруворӣ ва омодасозии баъзе доруҳо бинои алоҳида сохта шудааст, ки дар ошёнаи дуюми он хобгоҳ барои кормандони тиб ҷой гирифтааст. Бинои алоҳидаи ошхона барои кормандони тиб ва беморони шифохона дорои 50 ҷойи нишаст аст.
Шифохона ҳамчунин дорои ду мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва ду мошини муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти сайёри ҷарроҳӣ мебошад. Барои таъмини мунтазами шифохона бо неруи барқ дар ин ҷо трансформатори алоҳида ва ҳам генератори барқӣ насб кардаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони давлати Ҳиндустон таъкид дошт, ки арзи сипосу қадрдонии ӯ, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба роҳбарияти ин давлати дӯст бирасонанд.
Ба масъулони ҷониби Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар ин шифохона на танҳо ба низомиён, балки ба мардуми ниёзманди деҳоти атрофи ин мавзеъ низ хизмати тиббӣ расонда шавад.
8 октябр дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Бохтар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дониёрқули Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Бохтар бо буридани лентаи рамзӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12-ро ба истифода дод, ки бо маблағгузории муштараки Фонди Саудии Рушд ва Ҳукумати Тоҷикистон бо арзиши умумии қариб 14 миллион сомонӣ сохта шудааст. Бо ифтитоҳи мактаб бисёр масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи хонандагони 4 деҳаи ин ҷамоат ҳал мегардад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз синфхонаҳои таълимӣ ба омӯзгорони ин муассиса таъкид дошт, ки насли наврасро дар рӯҳияи вадандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, аз имконоти муҳайёшуда самаранок истифода баранд.
Аз ин пеш хонандагони ин муассиса дар ду мактаби куҳна мехонданд, ки дар онҳо шароити муосири сабақгирӣ вуҷуд надошт. Хонандагону омӯзгорон аз фаъ-ол шудани ин мактаби хуштарҳу замонавӣ басо хушнуд шуданд. Озмоишгоҳҳои фаннии химия, физика, ки бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир таъмин гардидаанд, заминаи хубест барои омӯзиш.
Дар толори барҳавои фарҳангӣ, ки барои баргузории чорабиниҳои мактабӣ муҳим дониста мешавад, хонандагон як намоиши панду ахлоқӣ дар асоси осори гаронбаҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба саҳна гузоштанд, ки аввалин бинандаи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ буданд.
Дар ин мактаб синфхонаи омӯзишии ҳунарҳои миллӣ таъсис дода шудааст, ки дар ин ҷо хонандагон ба бофтани қолин, гулдӯзиву зардӯзӣ ва дӯхти дигар намуди либосворӣ машғул хоҳанд шуд.
Зимни боздид аз ошхонаи мактаб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулон ва кормандони онро ҳидоят намуд, ки ба ҳолати санитарию гигиенӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва бо назардошти талаботи хонандагон хӯрокҳои гуногун омода созанд.
Дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таълимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳияи Бохтар мулоқот намуд.
Дар ноҳияи Бохтар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи дастаи таъйиноти махсуси милитсияи Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ташриф оварда, бинои нави онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар саҳни ҳавлии қароргоҳи ин воҳиди махсус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ҷашни арӯсӣ ва хатнасури дастаҷамъонаи фарзандони кормандони ин соҳа иштирок намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин маросими бошукӯҳ ба ҳамаи навхонадорон асбобу ашёи арзишманди рӯзгор ва ба писарбачаҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ошхона, анбори нигоҳдории молу маҳсулот иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини хизматчиён бо маводи ғизоӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар ҳудуди қароргоҳ майдончаҳои машқу тамрин бунёд ёфтаанд, ки дар баланд бардоштани маҳорати ҷангии хизматчиёни даста нақши асосӣ доранд.
Дастаи таъйиноти махсуси милитсия барои иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти худ бо аспҳои савории ба таври хоса омодашуда, сагҳои хизматии омӯзишдида ва бо техникаву лавозимоти гуногуни ҳарбӣ таъмин шудааст.
Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави дастаро расман ифтитоҳ намуд. Бино аз се ошёна иборат буда, дорои толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, хонаҳои корӣ ва дигар толору ҳуҷраҳо мебошад. Барои бунёд ва таҷҳизонидани бино зиёда аз 3 миллион сомонӣ харҷ шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити хуб дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ёдовар шуда, ҳайати шахсии ин ниҳодро ба хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуд.
Дар охири боздид аз қароргоҳи дастаи таъйиноти махсуси милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон расми гузашти низомӣ ҷараён гирифт, ки дар он, дар баробари ҳайати шахсӣ, ҳамчунин техникаи ҳарбӣ ва махсуси ин ниҳоди бонуфуз иштирок намуданд.
Ҳайати шахсии ин ниҳод омодагии ҷиддии касбӣ дошта, ҳамчунин бо техникаю лавозимоти ҳарбӣ ва махсуси пуриқтидор барои нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳам муборизаи беамон бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, аз ҷумла гурӯҳҳои террористию ифротгаро омодагии ҳамаҷониба доранд.
Дар Ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии Хона- интернати беморони рӯҳӣ барои калонсолон ифтитоҳ ёфт.
Ин муассисаи будубоши доимӣ барои маъюбони калонсоли гирифтори бемории рӯҳӣ буда, дорои 100 кат - ҷой мебошад. Муассиса бо харҷи 14, 5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ бунёд ёфтааст.
Бино ва иншооти хона – интернат маҷмаавӣ буда, бо тарҳи замонавии мутобиқ ба муассисаҳои иҷтимоӣ сохта шудааст. Маҷмаа аз чаҳор бинои истиқоматӣ, як бинои маъмурият ва як бино барои ошхона ва толори варзишӣ иборат мебошад.
Дар хона – интернати мазкур аввалин бор дар ҷумҳурӣ барои барқарорсозии саломатӣ ва тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбони бемориҳои рӯҳӣ ҳуҷраҳо ва хонаҳои махсусгардонидашуда, аз қабили кордармонӣ, гиёҳдармонӣ, офиятбахшӣ бо истифода аз санъати бадеии расмкашӣ, рақсу мусиқӣ, бозиҳои компютерӣ, китобхона ва толори хониши бадеӣ сохта ва ба истифода дода шудааст.
Дар баробари ин дар дохили маҷмаа бо мақсади ҷалби маъюбон ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ва варзиш як коргоҳи хурди дӯзандагӣ, кулолгарии миллӣ ва толори бошукӯҳи замонавии варзишӣ бунёд карда шудаанд. Ҳамаи ҳуҷраҳо ва толорҳо бо таҷҳизоти замонавии функсионалӣ муҷаҳҳазанд.
Дар хона - интернат барои тавонбахшии тиббию иҷтимоии бошандагон ва солимгардонии онҳо ҳамчунин қисмати тиббӣ иборат аз утоқҳои физиотерапевтӣ, дандонпизишкӣ, амрози занона, масҳи табиӣ, муоинаи барқии дил ва тадқиқоти ултрасадо муҳайё шудааст. Қариб 80 нафар кормандони соҳа бо кори доимӣ таъмин мешаванд.
Хотиррасон бояд намуд, ки ба ҳолати 1 октябри соли равон дар ҷумҳурӣ қариб 600 нафар маъюбони рӯҳӣ, аз ҷумла 259 нафар калонсолон ба чунин хизматрасонӣ ниёз доранд.
Барои фаъолияти мунтазам ва самараноки хона – интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Бохтар ва нигоҳубини доимии бошандагони он дар соли равон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 1 миллиону 291 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки ин барои ҳар як бошанда ба ҳисоби миёна 1075 сомонӣ дар як моҳ рост меояд.
Хона – интернат дар майдони 7 гектар замини обӣ ҷойгир шудааст, аз ин рӯ, дар назар дошта шудааст, ки дар муассиса хоҷагии ёрирасон ва якчанд коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ташкил карда шаванд. Бо ин мақсад, аз ҷумла ҳоло дар ҳудуди хона – интернат як гармхона ва корхонаи хурди мурғпарварӣ сохта шудааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шароити хуби дар ин ҷо муҳайёгардида изҳори хушҳолӣ карда, ба масъулони соҳа ва роҳбарияту кормандони муассиса дастур дод, ки нигоҳубини иншоот ва хизматрасонӣ ба ниёзмандонро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, аз хайру савоби амалҳои накукорона баҳравар гарданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.10.2014 №: 197 Мутолиа карданд: 1605