қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани иловаба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»
Моддаи 1. Ба қисми 6 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2013 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013; № 10, мод.708; с.2014, № 2, мод.53; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2014, № 1082) пас аз калимаҳои «шаҳри Душанбе» калимаҳои «ва меҳмонхонаи панҷситорадори воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2014, № 1129
ҚАРОРИ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои соли 2014»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2014, № 1581
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.10.2014 №: 200 Мутолиа карданд: 1428