порлумон
БУНЁДИ МАКТАБИ ЗАМОНАВӢ ДАР ҶИЛИКӮЛ
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид, нуҳ масъала баррасӣ шуд.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни тавзеҳи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи сохтмони бинои (маҷмӯи биноҳои) мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумқулӣ дар хоҷагии деҳқонии «Эргаш Султонов»-и ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки он барои таҳсили 540 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.
Барои сохтмони бинои мактаб дар ноҳияи Ҷиликӯл аз тарафи Ҳукумати Туркманистон дар ҳаҷми се миллиону панҷсад ҳазор доллари ИМА ҷудо гашта, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт маблағи иловагӣ талаб карда намешавад.
Тибқи созишнома, ҷониби салоҳиятдор аз ҷониби Туркманистон – Сафорати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Тоҷикистон – мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷиликӯл муайян карда шудааст.
Тибқи моддаи 5-уми созишнома сохтмони бинои мактаб, воридот ва таҳвили таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ аз ҳама гуна андозҳо ва боҷу хироҷ озод карда мешавад. Номгӯйи маводи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон муайян ва тасдиқ мегардад.
Нурулло Оқилзода, вакили порлумон, иброз дошт, ки созишнома 5 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Тасдиқи Созишномаи мазкур омили созанда дар таҳкими муносибатҳои неку дӯстонаи байни кишварҳост.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми вазири молияи ҷумҳурӣ, зимни баррасии Созишномаи кафолатӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа» гуфт, ки мақсади лоиҳа ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардондани вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Қӯрғонтеппа, инчунин сохтмони партовгоҳи марказии нав бо истифода аз стандартҳои аврупоӣ, ки ба талаботи санитарӣ ва экологии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд, иборат аст.
Дар робита ба ин, 9 июли соли 2013 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаи кафолатӣ ба имзо расидааст.
Арзиши умумии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа» 4,94 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ҷумла 2,0 млн. доллари амрикоӣ қарзӣ имтиёзноки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 2,0 млн. доллари амрикоӣ гранти Фонди Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҷудо намудани 940 ҳазор доллари амрикоӣ барои гузарондани корҳои машваратӣ ва таҳияи Барномаи рушди корпоративӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи маблағҳои махсуси молиявии Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ), ки 6 июни соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, баррасӣ шуд. Дар асоси Протоколи гуфтушуниди байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ бо мақсади рушд, аз 29 ноябри соли 2012, Бонки давлатии рушди Олмон (KFW) маблағҳои бебозгашт ба андозаи умумии 36 000 000 (сию шаш миллион) евро пешниҳод намудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи талаботи моддаи 3-юми созишномаи мазкур, лоиҳаро аз тамоми намудҳои андозбандӣ ва боҷҳои дигари давлатӣ озод менамояд.
Дар ҷаласа ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.2014 №: 203 Мутолиа карданд: 1404