фармонҳои президент
Фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Рӯзи модар
Бо мақсади бузургдошти зан – модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила фармон медиҳам:
8 март – Рӯзи модар эълон карда шавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳамин фармон чораҳои зарурӣ андешад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 6 марти соли 2009, № 632
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2588