мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо
кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
5 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти мақомоти судӣ, прокуратура ва корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо талаб намуд, ки пеш аз ҳама худашон дар риояи тартиботи ҳуқуқӣ намунаи ибрат буда, дар таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд. Роҳ надодан ба коррупсия ва муборизаи беамон бурдан бо ҷиноятҳои муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои асосӣ ва пурмасъулияти кормандони тамоми сатҳу зинаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маънидод гардид.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин назорати қатъии иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи бечунучарои онро аз ҷониби худи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб намуд ва таъкид дошт, ки қонуни мазкур, хусусан дар шароити кунунии иҷтимоию иқтисодӣ, ҷавобгӯйи манфиатҳои моддии тамоми табақаҳои аҳолӣ аст.
Аз ҳайати роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб карда шуд, ки аз маблағҳои буҷетӣ ва захираҳои моддӣ сарфаю сариштакорона истифода баранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2256