барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА ГУРБАНГУЛӢ БЕРДИМУҲАММАДОВ
27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов барқияи шодбош фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Муҳтарам Гурбангулӣ Маликгулович,
Аз самими қалб Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми туркманро бо солгарди иди миллии Туркманистон табрик мекунам.
Дар Тоҷикистон ба муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳои мо эҳтироми беандоза қоиланду нисбат ба он аҳамияти самимӣ, дӯстона ва пурмазмун зоҳир менамоянд. Ҳамкорӣ бо Туркманистон имрӯз дар стратегияи сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок дорад.
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон бо шарофати кӯшишҳои муштараки мо имрӯз бо рушди муназзам чӣ дар шакли дуҷониба ва чӣ дар шакли бисёрҷониба тавсиф мегарданд. Барои афзун кардани ҳамкориҳо аз рӯи тамоми самтҳо заминаи ҳуқуқии ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.
Мутмаинам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак ин имкониятҳои пуриқтидорро пурра татбиқ менамоем ва ба ҳадафҳои мусбати гузошташуда ба манфиати ояндаи босубот ва дурахшони кишварҳоямон ва дар маҷмӯъ, дар минтақа шарафёб хоҳем гашт. Шуморо ба он бовар мекунонам, ки мо аз ҷониби худ тамоми ҷидду ҷаҳдамонро ба он равона месозем, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон ба манфиати мардумонамон рушду таҳким ёбанд.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, мехоҳам ба Шумо, муҳтарам Гурбангулӣ Маликгулович, тансиҳатии комил, саодат ва комёбиҳо дар корҳоятон, ба мардуми бародари туркман сулҳ ва хушбахтиро таманно намоям».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.10.2014 №: 210 Мутолиа карданд: 1357