барқияҳо
Барқияи табрикотӣ ба Дилма Вана Руссеф
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Дилма Вана Руссеф барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Хонуми Олиҷоҳ,
Сарфарозам Шуморо ба муносибати пирӯз шуданатон дар интихоботи президентии кишваратон ва муҷаддадан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия интихоб гардиданатон сидқан табрику таҳният намоям.
Умедворам, ки дар давраи нави раҳбарии Шумо бо саъю кӯшишҳои дуҷониба муносибатҳои ду давлат дар ояндаи наздик боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандии комилу саодат ва дар ин мақоми волои сарварӣ комёбиҳои нав ба навро баҳри пешрафт ва шукуфоии бештари Бразилия орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.10.2014 №: 212 Мутолиа карданд: 1465