барқияҳо
Барқияи табрикотӣ ба Реҷеб Тайип Эрдоган
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеб Тайип Эрдоган барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ифтихор дорам, ки Ҷаноби Олӣ, ҳукумат ва мардуми дӯсти Туркияро ба муносибати солгарди ҷашни миллии кишвар табрик ва таҳният гӯям.
Тоҷикистон ба сатҳи имрӯзаи равобит ва муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ҳар ду кишвар баҳои баланд дода, ҷонибдори таҳкиму густариши ҳар чӣ бештари онҳо буда, муҷаддадан таъкид менамояд, ки дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод.
Умедворам, ки бо саъю кӯшиши муштарак мо метавонем мундариҷаи ин равобитро ғанитар гардонида, сатҳи онро болотар бибарем.
Ба бародари азизам, ҷаноби Президент, муваффақият ва пирӯзиҳои нав ба нав, ба мардум ва ба кишвари дӯсти Туркия сулҳу субот ва пешравиҳо орзумандам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.10.2014 №: 212 Мутолиа карданд: 1452