барқияҳо
Барқияи табрикотӣ ба Милош Земан
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан барқияи табрикотӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Табрикоти самимии маро ба муносибати фарорасии иди миллии Ҷумҳурии Чехия қабул фармоед.
Тоҷикистон мисли пешин хоҳони пешрафт ва шукуфоии кишвари дӯсти Чехия ва ҷонибдори рушди рӯзафзуни ҳамкориҳои васеъ ва мутақобилан судманд бо кишвари Шумо мебошад.
Мо дар оянда низ аз тамоми имкониятҳо ва захираҳо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳои ҳамкорӣ истифодаи матлуб хоҳем намуд. Итминон дорем, ки сафари қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон ба ин раванд такони тозае хоҳад бахшид.
Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент сиҳативу саломатӣ, комёбиву муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Чехия пешрафту шукуфоӣ ва саодату некрӯзӣ таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.10.2014 №: 212 Мутолиа карданд: 1464