маориф
ЗАФАРОБОД. ҶАВОНМАРДИ ҲИСОРӢ МАКТАБ СОХТ
Ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод раиси вилояти Суғд, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Қодирӣ дар расми кушоди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 қайд намуд, ки ҷавонмарди ҳисорӣ Қурбонмурод Неъматов сохтмони бинои мактабро ба уҳда гирифта буд, имрӯз онро ба истифода супурда истодаем. Мактаб барои 240 хонанда дар як баст бо масрафи 1,3 миллион сомонӣ дар муддати як сол сохта шудааст. Қурбонмурод Неъматов ба мактаб аз ҳисоби худаш 10 адад компютер ва 10 адад мошини дарздӯзӣ ҳадя кардааст. Раиси вилоят гуфт, ки дар солҳои наздик ин мард барои бунёди ошхона ва толори варзишӣ дар мактаб мусоидат хоҳад кард. Дар даромадгоҳи мактаб ному насаби ин ҷавонмарди тоҷики ҳисорӣ чун бунёдкори муассисаи таълимӣ ҳаккокӣ мешавад.
Қурбонмурод Неъматов зодаи Ҳисори шодмон буда, якчанд сол боз дар вилояти Суғд кору фаъолият дорад. Нахуст ҶДММ «Тоҷроуд»-ро ташкил намуда, корхонаи асфалтбарориро созмон дод. Барои амалӣ гаштани барномаи вилоятии «Соли 2014-соли роҳҳои обод» саҳм гузошта, барои мумфарш кардани роҳҳои нақлиётии аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нақши босазо гузошт.
Бинои мактабро сохтмончиёни ширкати «Созанда»-и шаҳри Истаравшан бо сифати баланд сохта ба истифода супурданд. То саршавии соли нави таҳсил фарзандони сокинони деҳа ба мактаби деҳаи ҳамсоя - Сурхоб дар масофаи 3,5 километр равуо доштанд. Дар мактаби нав ҳоло 185 толибилм таҳсил мекунад. Ба онҳо 15 нафар омӯзгорон сабақ меомӯзонанд.
Сайфулло МАҲКАМОВ,
вилояти Суғд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.11.2014 №: 213 Мутолиа карданд: 1478