маориф
ҶИРГАТОЛ. ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ХУБ АСТ
Дар ноҳия 57 мактаби таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 37 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 мактаби таҳсилоти асосӣ, 14 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 5 муассисаи томактабӣ, 1 мактаб - интернати назди мактабӣ, Муассисаи таълимии давлатии литсей барои хонандагони болаёқат, Маркази технологияи иттилоотӣ ва Муассисаи таҳсилоти иловагӣ фоъолият карда истодааст.
Ин муассисаҳои таълимӣ 13184 нафар хонандаро дар бар мегиранд, ки 6409 нафари онҳо духтарон мебошанд. Ба хонандагон 969 нафар омӯзгорон - 480 нафарашон бо маълумоти олӣ, 23 нафар бо маълумоти олии нопурра, 413 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 53 нафарашон бо маълумоти миёнаи умумӣ дарс мегӯянд. Аз ҷумлаи ин омӯзгорон 326 нафарашро занон ташкил медиҳанд ва онҳо дар кори таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузоранд. Дар таълимгоҳҳои ноҳия 7642 нафар хонанда бо забони қирғизӣ таҳсил менамоянд, ки бо китобҳои дарсӣ пурра таъмин нестанд. Барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани таълиму тарбия корҳои зиёде ба анҷом расонида мешаванд. Аз ҷумла, дар моҳҳои феврал - июни соли ҷорӣ 32 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, 21 нафар муовинони директорҳо оид ба таълим, 42 нафар омӯзгори фаннӣ ва 2 нафар мудири кӯдакистонҳо аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Бо мақсади бо кадрҳои дорои таҳсилоти олӣ таъмин намудани мактабҳои ноҳия 1047 донишҷӯ дар мактабҳои олии кишвару берун аз он машғули таҳсил мебошанд. Аз инҳо зиёда аз 500 нафарашон таҳсилотро дар соҳаи омӯзгорӣ давом дода истодаанд. Имсол 48 омӯзгори таҳсилоти миёнаи махсус дошта, бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳия ба Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт, шуъбаҳои ғоибона дохил шуданд.
Аз соли 2009 то имрӯз ба бисёре аз мутахассисони ҷавон қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок ва қитъаи замин дода шудааст.
Алҳол муассисаҳои таълимии ноҳия бо 435 адад компютер, 80 адад принтер ва 11 адад муҳаррикҳои барқдиҳанда таъмин мебошанд. Барои омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ 44 омӯзгор, ки 34 нафари онҳо дорои маълумоти олӣ ва боқимонда соҳиби маълумоти миёнаи махсус мебошанд, машғуланд.
Дар 5 мактаб кабинети физика, дар 3 мактаб кабинети химия, дар 6 мактаби дигар кабинетҳои математикаву биология ва дар 8 мактабу литсейи ноҳия кабинети технологияи иттилоотӣ ташкил карда шудааст. Тартиб ва ба истифода додани ин кабинетҳо барои боз ҳам мукаммалтар намудани дониши хонандагон ёрӣ мерасонад.
Дар мактабҳои ноҳия ба омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ба таълими тарбияи ҷисмонӣ 36 нафар омӯзгорон машғуланд, ки 22 нафари онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд. Барои омодагии дифои ҳарбӣ 32 нафар таълим медиҳанд. Аз ин таълимдиҳандагон 12 нафарашон афсарон мебошанд. Барои рушди ин соҳа дар се мактаб толор ва дар 25 мактаб майдончаҳои варзишӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар мактаби рақами 50-и деҳаи Қарчин бо иқдоми ҷавонони ноҳия ва мардуми ин деҳа ба маблағи зиёда аз 70 ҳазор сомонӣ толори варзишӣ сохта шудааст.
Дар ноҳия тарбияи томактабиро низ хуб ба роҳ мондаанд. Дар давоми ду соли охир 4 муассисаи томактабӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар назди мактабҳои рақамҳои 2,5,6 ва 9 маркази инкишофи кӯдакон ташкил ёфт. Ин бошад кори омӯзгорони синфҳои ибтидоиро хеле осон мегардонад.
Шуъбаи маорифи ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати маорифу илм дар таъмиру навсозии мактабҳо корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Аз ҷумла, фақат дар соли таҳсили 2013-2014 дар назди 9 мактаби ноҳия синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Ҷиргатол таълиму тарбия хуб ба роҳ монда шудааст. Падару модарон ба таҳсилу рафтор ва ҳаматарафа аз худ намудани дарсҳо, ҳатто ба синфхонаҳову ҷойи нишасти фарзандонашон диққати ҷиддӣ медиҳанд. Тобистони соли ҷорӣ бо кӯшиши шуъбаи маориф ва маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар 4 мактаби ноҳия лагер - истироҳатгоҳҳо ташкил шуд, ки 160 нафар хонандагон ба истироҳати тобистона фаро гирифтанд. Аксари онҳо хонандагони ятиму бепарастор ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат буданд. Инчунин, 11 нафар ба лагери тобистонаи “Чайка”-и ноҳияи Варзоб ва 2 нафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои истироҳат фиристода шуданд.
Дар се соли охир хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳурӣ ширкат варзида, 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар олимпиадаи минтақавӣ бошад, хонандагони синфҳои 9-10 16 ҷойро ишғол намуданд, ки аз ин 8 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои якум ва 8 нафари боқимонда соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд.
Ҳалимҷон ҲУСЕЙНОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.11.2014 №: 215 Мутолиа карданд: 1804