номаҳо
ДАР ҶАҲОН БОЛУ ПАРИ ХЕШ КУШОДАН ХОҲАМ
Суханеро, ки дар мақол орӣ,
Аввал он беҳ, ки дар хаёл орӣ, -
гуфтааст шоире. Ман низ хеле андешидам ва баъд қалам ба даст гирифтам.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, намедонам суханро аз кадом некӣ ва фазилатҳои Шумо оғоз бинамоям. Ман ҳамон Фаррух Хадеров ҳастам, ки бо насиҳатҳои Шумо ба донишгоҳ дохил шудам ва оила барпо намудам. Бо дастгириҳои Шумо табибони худамон маро чандин маротиба ҷарроҳӣ карданд, зеро беморие маро солҳои зиёд ранҷ медод. Табибон сабаби бемориро намеёфтанд. Сирри давои дардам нокушода мемонд.
Ҷаноби Олӣ, бар замми маризӣ аз набудани сарпаноҳ низ азият доштам. 19 марти соли 2014 бо дастони муборак ба ман калиди хона туҳфа кардед. Ва ҳамчун падарбузург фарзанди маро ба оғӯши гарму нарми худ гирифта, аз рухсораҳояш бӯсидед ва ба мо дуои хайр додед. Ҳамон дуои хайр будаст, ки имрӯз табиби дарди хешро пайдо кардам. Аз Ватани худамон ёфтам, ҳол он ки ман барои бемориам аз дигар мамлакат табиб меҷустам. Бо амри Худо, бо дуои Шумо ва дастгирии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода 10 сентябри соли 2014 Ҷаъфар Сафаров маро ҷарроҳӣ кард ва дар муддати 10 рӯз беморие, ки солҳо маро азоби алим медод, аз байн рафт. Беҳтарин ва арзандатарин табиберо чун Ҷаъфар Сафаров надида будам, гӯям хато намешавад. Вай мегӯяд, ки Худо хоҳад, оянда асоҳоятро мепартоӣ. Ман фахр мекунам, ки беҳтарин Сарвару ғамхори миллат ва табибони ҳозиқ дорем. Мо дуогӯи давлату миллат ҳастем.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ман ҳамин сол Коллеҷи тиббии ноҳияи Ҳисорро хатм карда ба кор даромадам. Мехоҳам, ки саҳми худро ба давлату миллат барои пойдорию шукуфоӣ ва пешрафташ бигузорам.
Бо эҳтиром Фаррух ХАДЕРОВ,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.11.2014 №: 216 - 217 Мутолиа карданд: 1470