сафарҳо
Президенти Тоҷикистон ба Эрон сафар кард
10 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
Дар фурудгоҳи пойтахт Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Зимни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуда, ҳамчунин бо роҳбарони як қатор давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи минтақавӣ мулоқот анҷом медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо роҳбарияти он мулоқотҳои дуҷониба анҷом дода, аз якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ боздид мекунад ва баҳри густариши муносибатҳои иқтисодии байнидавлатӣ ва байниминтақавии ду кишвари дӯсту ҳамзабон заминаҳои нав эҷод хоҳад кард.
Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Анҷумани панҷуми ҷаҳонии об аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Туркия хоҳад рафт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3885