номаҳо
НАРХИ КАРТОШКА - 4 СОМОНӢ
Ҷойи таассуф аст, ки дар мавсими ҷамъоварии картошка нархи як килограмми он дар бисёр бозорҳои пойтахти кишвар ба 4 сомонӣ мерасад. Ин дар суратест, ки ба парвариши он нисбат ба солҳои дигар диққати бештар дода шуд ва ҳам изофанависиҳо ошкор гардида буд.
Ман зид нестам, агар деҳқон бар ивази ҳар як килограмм 4 сомонӣ ба даст биёраду бо ин амал ҳавасманд бошад. Мутаассифона, дар бозорҳо нархҳоро, аз ҷумла нархи картошкаро сунъӣ баланд мекунанд. Бе ҳеҷ заҳмат бештар аз деҳқонон мехоҳанд фоида ба даст оранд.
Наход нархҳо назорат нашаванд? Магар ин масъала масъулонро ба ташвиш намеорад? Чаро ба ин беинсофӣ нуқта гузоштан мумкин нест?
С. АЪЗАМОВ, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.11.2014 №: 221 Мутолиа карданд: 1356