номаҳо
ХОНАИ ОХИРАТ ОБОД ГАШТ
Охири моҳи августи соли 2012 гурӯҳи ҷӯяндагони осори ниёгон бо сарварии Абдулвадуд Асроров ба Ховалинг омада, аз пайи ҷустуҷӯ ва зиёрати зодгоҳу оромгоҳҳои гузаштагонашон шуданд. Инчунин ҳайати гурӯҳ аз ҳисоби пирону зиёиёни деҳаи Шехони ноҳияи Ховалинг илова гашта буд.
Баъд аз дидану зиёрати оромгоҳҳои Ҳазрати Эшони Сичиёнӣ (хатмкардаи мадрасаи Кашмири Ҳиндустон) ва писари ӯ Ҳазрати Эшони Бухорӣ (хатмкардаи мадрасаи Бухоро) ворисон аз пайи ободу нигоҳ доштани онҳо шуданд. Охири соли 2012 бо ибтикори раиси Ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг Ҷангихон Одинаев (деҳаҳои мазкур дар қаламрави ин ҷамоатанд), бо ҳидояти Абдулвадуд Асроров - абераи ин бузургмардон ва ёрии аҳли деҳаи Шехон гирдогирди оромгоҳи Ҳазрати Эшони Сичиёнӣ (бобои Мавлоно Ҳоҷӣ Ёқуб) бо симтӯр маҳкам ва гирду атрофи оромгоҳ тозаву озода карда шуд. Чанде пеш хушхабар расид, ки сокини деҳаи Арзаниён Азизулло Бурҳонов бо ёрии аҳолии деҳаҳои Арзаниёну Шехон мазори Ҳазрати Эшони Арзаниён – Эшони Бухорӣ – падари Ҳоҷӣ Ёқуби Сичиёниро тозаву озода намуда, мақбара бунёд карданд.
Дар ободониву бунёдкориҳои он устоҳо Исмоналӣ Зубайдов, Абдулҳамид Ҳабибов, Файзуллои Абдуллозода, Сайфиддин Ҳамидов (ҳамаашон сокинони деҳаи Шехони Ҷамоати деҳоти Ҷонбахт) ва дигарон нақши нек ва саҳми арзанда гузоштанд.
Ба замми ин бунёдкориҳо роҳи мошингард аз деҳаи Арзаниён то назди ин оромгоҳ ба воситаи булдозер канда, тахту ҳамвор карда шуд.
Марди саховатпеша Азизулло Бурҳонов азм дорад, ки ин ҷойи муқаддасро ҳамеша нигоҳубин карда, гирду атрофи онро бо гулу гулбуттаҳо ва арчаву дигар дарахтони ороишӣ зебо гардонад.
А.ШАҲРИЁРӢ, С. НЕКБАХТ,
ноҳияи Ховалинг
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.11.2014 №: 221 Мутолиа карданд: 1424