номаҳо
ЧАШМАИ НУРИДДИН
Нуриддин Хайриддинро тамоми насли калонсоли шаҳр ҳамчун суратгир мешиносанд. Вай солҳои зиёде дар рӯзномаи «Шаҳриёр» (пеш «Коммуна» ва «Ваҳдат» ном дошт) ва сипас «Народная газета» кор карда, бо маҳорати баланди касбии хеш ном бароварда буд. Аксҳояш дар рӯзномаҳои бонуфузи иттифоқии «Правда», «Известия», «Сельская жизнь» нашр мешуданд. Солҳои охир дар як рӯзномаи музофотии Федератсияи Русия кор мекард.
Ҳоло бошад, дар деҳааш Арбобӣ, ки тобеи Ҷамоати деҳоти Симиганҷ аст, замини иҷоравӣ дорад ва дар як замини лалмӣ боғ бунёд карда истодааст.
Дар наздикии онҳо, дар обраҳаи кӯҳӣ ҷойи намноке буд. Нуриддин оҳиста - оҳиста ин ҷоро бо бел кофт. Аввал андак об ҷамъ мешуд. Ниҳоят он зиёд гардид. Калонии ҷараён ба се ангушт баробар меояд. Акнун аз ин об тамоми ҳамдеҳагон ташнагӣ мешикананд ва он «Чашмаи Нуриддин» ном гирифтааст. Нуриддин соли гузашта чашмаро тавассути лӯлаҳои резинӣ ба замини иҷорааш овард ва ҳоло аз ин ҳисоб сеяки замини лалмияш обчакорӣ шудааст.
Бо ҳамин Нуриддин Хайриддине, ки ҳоло низ бо аксҳояш нақши мондагор дорад, барои ҳаёти ҷовидона акнун боз як нақши дигар боқӣ мегузорад.
Муроди НУРИЁН, шаҳри Ваҳдат
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.11.2014 №: 221 Мутолиа карданд: 1373