сафарҳо
САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ БА НОҲИЯИ ЁВОН
12 ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ ва мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омад.
Дар даромадгоҳи ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти ноҳияву вилоят ва масъулони дигар самимона истиқбол гирифтанд. Дар канори роҳи даромадгоҳи ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар ва тариқи ҳашари умумӣ ба бунёди боғи нави дарахтони мевадиҳанда асос гузошта шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як ниҳоли дарахти дарозумри сояафкан шинонда, ба бунёди боғи нав оғоз бахшид. Барои иштирок дар ҳашари ниҳолшинонӣ наздики ҳазор нафар аз сокинони деҳоти атрофи ин мавзеъ ҷамъ омаданд. Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо асосан чормағз ва дигар дарахтони мевадиҳандаи ба иқлими ин мавзеъ мутобиқ шинонда мешаванд.
Зимни ин сафар як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ бо садҳо ҷойи нави корӣ ва як мактабу як бинои иловагии беморхонаи марказии ноҳия ба кор дароварда, оғози сохтмони чанд корхонаи нави саноатӣ бунёдгузорӣ мешавад.
Дар оғози боздид аз ноҳияи Ёвон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони корхонаҳои истеҳсоли варақаҳои гачкартонӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ оғоз бахшид.
Тибқи иттилоъ дар ин ҷо ду корхонаи саноатӣ бунёд мегардад, ки яке барои истеҳсоли варақаи гачкартонӣ ва дувумӣ барои тавлиди масолеҳи бастубанд ва ороиши сохтмон пешбинӣ шудаанд.
Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гачкартонӣ дорои иқтидори 10 ҳазор маҳсулот дар як шабонарӯз буда, то моҳи июни соли 2015 ба кор дароварда мешавад. Муҳлати ба кор омода шудани корхонаи дуюм бошад, моҳи декабри соли 2015 муайян гардидааст.
Ҳарду корхона аз ҷониби ширкати муштараки Ху Чан Ғаюр Индастриал бо харҷи 150 миллион сомонӣ сохта мешавад ва дар онҳо бо дар назар гирифтани конҳои ашёи хом беш аз 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳад шуд.
Ташаббускорони бунёди ин корхонаҳо тасмим доранд, ки бо чунин маҳсулот натанҳо бозори дохилии Тоҷикистонро пурра таъмин намоянд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои ин иқдоми наку арзи сипос карда, барои сифати баланди бозоргир ва рақобатпазир ба роҳ мондани истеҳсолот маслиҳатҳои муфид дод.
Дар Ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муосири парандапарварӣ бо иқтидори солонаи 1800 тонна гӯшти мурғ ба кор шурӯъ намуд, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуриддин Нуралиев бунёд гардидааст.
Тавре маълум шуд, ин корхона аз 7 мурғхонаи парвариши чӯҷаҳои гӯштӣ, биноҳои чӯҷабарорӣ, кушторгоҳ, яхдон ва дигар иншооти ёридиҳанда иборат аст. Дар як вақт дар 7 мурғхонаи он 245 ҳазор чӯҷа парвариш ёфта, давоми 40 рӯз ба ҳисоби миёна 1,2 кг вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мешаванд. Ба ин тартиб давоми сол дар ин ҷо зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор мурғи гӯштӣ парвариш мегардад, ки баробар ба 1800 тонна гӯшти парҳезии паранда аст.
Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди ин корхона ва масъулони соҳа дар марҳилаи аввал бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани ҷумҳурӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Дар марҳилаи дуюм онҳо содироти гӯшти парандаро ба хориҷи кишвар ва ҳам коркарди саноатии онро ба роҳ монданианд. Барои ин ҳаҷми истеҳсоли солонаи гӯшти парандаро онҳо ба зиёда аз 4000 тонна расонда, ҳамчунин бунёди корхонаи истеҳсоли ҳасиб ва дигар маҳсулоти саноатии соҳаро дар назар доранд.
Ҳоло дар яке аз мурғхонаҳои ин корхона наздики 25 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд.
Минбаъд чӯҷаҳои гӯштӣ барои ин корхона дар инкубатори худи онҳо бароварда мешаванд. Инкубатори корхона аз 3 камера иборат буда, дар як вақт дар онҳо 350 дона тухм хобонда мешавад ва пас аз 21 рӯз аз онҳо чӯҷаҳо мебароянд. Иқтидори инкубатори ин корхона барои таъмини ҳамаи корхонаҳои имрӯзаи парвариши мурғи гӯштӣ дар ҷумҳурӣ басандагӣ мекунад. Ин иқтидор ҳамчунин барои минбаъд афзун намудани шумораи мурғхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулот дар худи ҳамин корхона пешбинӣ шудааст.
Сохтмони кушторгоҳи корхона дар арафаи анҷомёбист ва дорои иқтидори забҳи 6 ҳазор мурғ дар як шабонарӯз хоҳад буд. Дар паҳлуи кушторгоҳ ҳамчунин яхдони махсус бунёд мегардад, ки барои дар ҳавои аз 18 то 40 дараҷаи таҳти сифр нигоҳ доштани то 250 тонна гӯшти паранда пешбинӣ шудааст.
Дар корхонаи мазкур ҳоло 130 нафар, ки бештари онҳо занону духтарони маҳаллианд, бо кори доимӣ ва маоши миёнаи 1700 сомонӣ таъмин мешаванд. Оянда бо афзун шудани ҳаҷми истеҳсолот шумораи коргарон ба зиёда аз 300 нафар расонда мешавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ибтикори ин соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки онҳо дар ояндаи наздик натанҳо бозори Тоҷикистонро ба даст меоранд, балки дар хориҷи кишвар низ харидорони зиёд пайдо мекунанд. «Беҳамто» номгузорӣ шудани корхона ҳам бесабаб нест, зеро ин нахустин чунин корхонаи инноватсионии парандапарварӣ дар Тоҷикистон буда, бо навтарин технологияи аврупоӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи нави семент оғоз бахшид, ки дорои иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна семент хоҳад буд.
Ин корхона дар муддати 1 сол аз ҷониби ширкати муштараки Ҷунг-Сай-Моҳир бо харҷи беш аз 600 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорони дохилию хориҷӣ бунёд ёфта, дар он беш аз 1000 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳад шуд.
Дар ҳудуди ҳамин корхона ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гачкартонии сохтмонӣ бо иқтидори солонаи 1 миллион метри мураббаъ ва коргоҳи халтаҳои коғазӣ бо иқтидори 80 миллион адад дар як сол бунёд хоҳанд шуд.
Аз ҷониби ин соҳибкорон то моҳи сентябри соли 2015 як мактаби нави замонавӣ ҳам сохта ба мардуми ноҳия туҳфа карда мешавад. Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳо ҳамчунин уҳдадор шуданд, ки пас аз ба кор даровардани корхонаи семент дар ноҳия боз як мактаби замонавӣ барои 640 хонанда дар як баст ва як толори муосири варзишӣ бунёд хоҳанд намуд.
Дар беморхонаи марказии ноҳия, ки дар Ҷамоати шаҳраки Ёвон қарор дорад, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои нави иловагиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Маврид ба зикр аст, ки ин бино барои таваллудгоҳи замонавии бо стандартҳои аврупоӣ муҷаҳҳазгардида пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур дуошёна буда бо таҷҳизоти муосири таваллудгоҳ, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ бо харҷи 14 миллион сомонӣ маблағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Федералии Олмон сохта ва таҷҳизонида шудааст.
Ба иттилои роҳбарияти Вазорати тандурустӣ, ин дувумин чунин таваллудгоҳи муосир дар вилояти Хатлон аст. Якумаш ба наздикӣ дар ноҳияи Хуросон ифтитоҳ гардида буд. Ду ҳамин гуна таваллудгоҳи дигар дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Фархор низ дар арафаи ба кор даромадан қарор доранд. Ояндаи наздик ҳамин гуна ду таваллудгоҳ бо мақоми вилоятӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа сохта мешаванд. Тибқи барномаи дарозмуддати ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Федералии Олмон чунин таваллудгоҳҳо дар тамоми ноҳияҳои вилояти Хатлон бояд сохта шаванд. Бунёду навсозии муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла таваллудхонаҳои муосир дар бисёр минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Дар маркази ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як маҷмааи истеҳсолию хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Мирзоев бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.
Чунонки аён гардид, ин маҷмаа дар бинои нави чорошёна бо таҳхона ҷойгир шуда, аз корхонаи ҷӯроббофӣ, корхонаи дӯзандагӣ, маркази савдо ва ошхонаи ҷамъиятӣ иборат аст.
Корхонаи ҷӯроббофии маҷмаа дорои иқтидори 9 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, дар он ҳоло 83 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. 80 фоизи таркиби ҷӯробҳои ин корхона аз пахта буда, дар дохил ва хориҷи кишвар харидорони доимӣ доранд. Тибқи иттилоъ, оянда ҷӯроббофӣ дар ин корхона бо таҷҳизоти аз ин навтару замонавӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори истеҳсолии он ҳам афзун мегардад.
Таҷҳизонидани корхонаи дӯзандагӣ бошад, ҳоло идома дорад. Мутобиқи нақша дар ин корхона 30 ҳазор дона либосҳои кӯдакона дар як моҳ ё 360 ҳазор дар як сол дӯхта хоҳад шуд.
Дар маҷмааи мазкур, ки бо харҷи қариб 15 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, ҳоло ҳамагӣ 105 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Соҳибкори номбурда бо падару бародаронаш тасмим дорад, ки корҳои истеҳсолию хизматрасониро дар ин бино ва атрофи он идома дода, дар муддати кӯтоҳ беш аз 600 ҷойи корӣ муҳайё созад. Оянда онҳо, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли чатрҳоро низ бунёд карданианд.
Хотиррасон бояд намуд, ки ду сол пеш аз ҷониби ҳамин соҳибкор дар паҳлуи ин корхона маҷмааи варзишӣ низ бунёд ёфта буд. Дастпарварони гурӯҳҳои гуногуни ин маҷмааи варзишӣ аллакай натиҷаҳои намоён нишон медиҳанд.
Дар идомаи сафар Президенти кишвар ба Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ташриф оварда, мактаби нави ҳамагонӣ барои 640 хонанда дар 2 бастро мавриди истифода қарор дод.
Бояд зикр намуд, ин мактаб аз ҷониби корхонаи муштараки сементи Хуаксин Ғаюр Семент барои мардуми деҳаҳои Ҳасанӣ ва Дарагии ноҳия бунёд ёфтааст.
Мактаб аз 13 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои физика, кимиё, биология ва синфхонаҳои лингофонӣ барои забономӯзӣ иборат аст. Ду синфхонаи дигар барои ҳунаромӯзии духтарону писарон бо мошинҳои дӯзандагӣ ва асбобҳои дуредгарӣ ҷиҳозонида шудааст.
Мактаб ҳамчунин дорои толори зебои варзишӣ, ошхона ва дигар утоқу толорҳо мебошад.
Дар саҳни мактаби нав Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури аҳолии деҳоти атроф ва кормандони соҳаи маорифи ноҳия суханронӣ намуда, аз ҷумла мактаби нави замонавиро туҳфаи арзанда ба муносибати солгарди 20-уми қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.11.2014 №: 221 Мутолиа карданд: 5418