номаҳо
ДУРДОНАҲОРО ҶАМЪ ОВАРЕМ
Водии Зарафшонро маркази сурудани байтҳои халқӣ гуфтан мумкин аст. Зеро вақти хурсандии ҳар нафаре, ҳангоми ҷашни арӯсӣ ва ё маъракаҳои дигар гурӯҳи мардон ва занҳо байтхонӣ карда, ба маросим ҳусни дигар зам мекунанд. Агар ба мавзӯъҳои мавҷуд дар абёти мардумӣ назар афканем, маълум мешавад, ки маҳаки онро бештар васфи ишқ, шикоят аз зиндагӣ, ҷудоӣ аз ёру диёр ташкил медиҳад.
Вақте ба абёти маҳаллӣ жарфтар назар афканем, маълум мешавад, ки дар баъзе ҳолат мисраи аввали байт тағйир намеёбад, вале мисраъҳои дуюми он дар шаклҳои гуногун меоянд. Яъне, ҳар кас ба таври худ мисраи дуюмро месозад.
Як нуктаро қайд кардан зарур аст, ки аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ солҳо сипарӣ шуда бошад ҳам, он абёте, ки дар он замон эҷод гардидааст, то кунун аз забони мардуми водии Зарафшон шунида мешавад. Ҳоло низ чунин байтҳо эҷод мешаванд, вале онҳо мисли пешин ҷамъоварӣ намегарданд. Аз ин рӯ, бисёр мехостам, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус ва бештар дода шавад, то дурдонаҳои мардумӣ нобуд нашаванд. Охир онҳо бозгӯи як рукни фарҳанги миллии мо маҳсуб меёбанд ва аз ин байтҳо тарзи зиндагӣ, орзуву омоли мардуми дурдасти кӯҳистонро дидан мумкин аст.
А. БАДАЛОВ,
шаҳри Панҷакент
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.11.14 №: 221 Мутолиа карданд: 5763