порлумон
ҚОНУН ЧОРАБИНИҲОИ ОММАВИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ҳафт масъала баррасӣ шуд.
Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молия, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» иброз дошт, ки он ҷиҳати аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод кардани як дастгоҳи бофандагии ҶДММ – и «Қолинҳои Суғд» ва молҳои сохтмонии корхонаи сементбарории ҶДММ - и «Тоҷчайна-2013» дар шаҳри Ваҳдат таҳия гардидааст.
Арзиши дастгоҳи бофандагӣ 6357400 сомонӣ буда, пардохти гумрукиаш 1,5 миллион сомонист. Назар ба гуфтаи мавсуф, ворид ва насби дастгоҳ имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти солона то ба 720 ҳазор метри мураббаъ зиёд шавад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда маблағи таҷҳизоти воридшаванда барои корхонаи семент 101 миллион ва пардохтҳои гумрукӣ 24,2 миллион сомонист. Мувофиқи лоиҳаи сохтмонӣ корхона дар марҳалаи аввал бо иқтидори 600 ҳазор тонна ва дар марҳалаи дуюм бо иқтидори як миллион тонна семент дар як сол истеҳсол мекунад. Дар мавриди ба кор даромадани корхона таъсиси 380 ҷойи корӣ ва воридоти андози солона ба буҷет аз 60 то 100 миллион дар назар аст. Дар раванди кашидани хати об барои эҳтиёҷоти корхона обёрии беш аз 2 ҳазор га замин дар ноҳияи Файзобод таъмин мегардад. Аммо ба гуфтаи Абдуҳалим Қодиров, директори ҶДММ – и «Тоҷчайна-2013» то охири соли 2015 завод бо иқтидори истеҳсолии як миллиону 200 ҳазор тонна семент дар як сол ба кор медарояд ва 800 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад.
Зеваршо Зеваршоев, муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, зимни баррасии Созишнома дар бораи махсусгардонии бисёрҷонибаи байнидавлатии истеҳсол ва таҳвили тухмии навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишоварзӣ, кӯчати ниҳолҳои меваю буттамева ва ток иброз дошт, ки он 31 майи соли 2013 дар шаҳри Минск дар таҳрири нав аз тарафи давлатҳои ИДМ қабул шудааст.
Созишномаи мазкур ба мақсади самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ, афзудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ташкили шароити мувофиқ барои беҳтар таъмин намудани аҳолӣ бо озуқаворӣ ва ба даст овардани манфиатҳои иқтисодӣ мебошад.
Мавсуф дар мавриди тухмии ватанӣ гуфт, ки он айни замон талаботи хоҷагиҳои деҳқониро қонеъ карда наметавонад. Дар давоми солҳои 2006-2013 аз Русия ба Тоҷикистон ба миқдори 2501 тонна картошкаи тухмӣ ва 1954 тонна гандуми тухмии репродуксияи баланд ворид карда шудааст. Кишоварзони тоҷик истеҳсоли ғалладонагиро ба беш аз як миллион тонна расонданд. Мувофиқи созишнома воридоти тухмӣ аз пардохти гумрукӣ озод аст.
Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, зимни баррасии созишнома гуфт, ки, мутаассифона, ҳосилнокии зироатҳо дар Тоҷикистон ниҳоят паст аст. Яке аз сабабҳои асосӣ нарасидани тухмии хушсифат мебошад.
- Вақте ки дар ноҳияҳои водии Рашт аз ҳар гектар 220 – 240 - сентнерӣ картошка истеҳсол мешавад, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳатто хароҷоташонро пӯшонда наметавонад, - иброз дошт ӯ.
Мавсуф бар он таъкид кард, ки масъулони Вазорати кишоварзӣ барои таҳияи тухмӣ бояд ба таври ҷиддӣ машғул бошанд.
Амирқул Азимов, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирди-ҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпаймоиҳо» гуфт, ки дар ҳама давру замон пешрафти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву осоиштагии мардум, тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад. Вазъи кунунии ҷаҳони муосир ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки вобаста ба ҳаводиси ҷаҳон мавқеи сиёсии худро дар ин ё он кишвар аниқ муайян намояд. Дар чорчӯбаи қонун ба танзим надаровардани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва ширкат варзидани онҳо дар гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, роҳпаймоиҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ боиси сар задани воқеаҳои мудҳиши ҷиноятҳои вазнин нисбат ба инсону шаҳрванд ва ғасби ҳокимият дар баъзе кишварҳо бармало намудор гашт.
Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд дар давраи истиқлолият қонуни асосиро қабул намуд, ки дар он, пеш аз ҳама, арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таҷассум гардидааст. Дар боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ширкат варзидани онҳо дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва роҳпаймоиҳои осоишта муқаррар гардидааст.
Вобаста ба ҳамин, 20 майи соли 1998 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» қабул ва мавриди амал қарор дода шуд.
Мавсуф зикр кард, ки ҳарчанд ба қонуни мазкур ду маротиба тағйиру илова ворид шуда бошад ҳам, аз сабаби набудани як қатор меъёрҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии дахлдорро танзимкунанда, субъектҳои ташаббуси қонунгузории номбурдаро водор намуд, ки баҳри бартарафсозии он норасоиҳо лоиҳаи нави қонунро таҳия намуда, ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намоянд.
Зикр гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур дар тафовут аз қонуни амалкунанда дорои як қатор навгониҳост. Аз ҷумла, дар боби I мафҳумҳои нави ташкили чорабинии оммавӣ, иштирокчиёни он, ҷойи гузарондан ворид ва шарҳ дода шудааст.
Моддаҳои 4 ва 6 вобаста ба мақсадҳои чорабинии оммавӣ ва ҳузури намояндагони ВАО ҳангоми баргузории ин чорабиниҳо дар таҳрири нав оварда шудааст.
Яке аз ҷузъиёти бартарии лоиҳаи қонуни мазкур аз қонуни амалкунанда дар он аст, ки кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ва баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ ва озодона изҳор кардани андешаҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳо ба таври мушаххас дар боби II нишон дода шудааст.
Илова бар ин, дар боби III тартиби ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ташкилотчӣ ва иштирокчиён, ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ва тартиби баррасии он, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ ба таври саҳеҳ оварда шудааст.
Ҳамзамон, боби мазкур ба масъалаҳои ташкилотчӣ ва иштирокчиён, ҷой ва вақти баргузор намудан, ҷойҳои маҳдуд ва мамнӯъи гузарондани чорабиниҳо, тартиби бурдани ташвиқоти пешакӣ, тарзҳои таъминоти моддию техникӣ ва оид ба қабули қарор дар бораи баргузор намудан ё манъ кардани чорабиниҳои оммавӣ, тартиби шикоят овардан нисбат ба қарор дар бораи манъи баргузории чорабинии оммавӣ бахшида шудааст. Боби IV лоиҳаи қонун ҷавобгариро барои вайрон кардани муқаррароти қонуни мазкур ва тартиби амалӣ намудани қонунро пешбинӣ менамояд. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 4 боб ва 27 модда иборат аст.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2014 №: 222 Мутолиа карданд: 1542