сафарҳо
ШИНОСОӢ БО КОРИ ГАРМХОНАҲОИ САБЗАВОТ
12 ноябр дар ноҳияи Ёвон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо кори гармхонаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ бевосита шинос шуд. Нахуст ба гармхонаҳои бунёднамудаи мутахассисони чинӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Дар ин ҷо аз ҷониби ширкати Ҷинян Инхай дар майдони 49 га замини корами обӣ 196 гармхона бояд бунёд ёбад. Ҳоло 139-тои он сохта шудааст. То охири сол шумораи гармхонаҳо ба 160-то расонда мешавад. Дар 39 гармхонаи омодашуда ҳоло помидору бодиринг, қаламфуру боимҷон ва дигар сабзавот парвариш меёбанд. Ҳар як гармхона дар масоҳати 60 метри мураббаъ бунёд ёфта, ҳосили интизории помидор ё бодиринг 10 тонна маҳсулот аст. Ҳадаф аз бунёди ин гармхонаҳо пурра таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ бо сабзавоти барвақтӣ дар фасли зимистон ва аввалҳои баҳор ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи кишвар аст.
Дар ин ҷо 125 нафар ба таври доимӣ кор мекунанд, ки 110 каси онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Оянда шумораи коргарон то ба 200 нафар расонда мешавад.
Дар ҳамин ҷо бунёди сардхона барои нигоҳдории 1000 тонна сабзавоти тару тоза ва коргоҳи бастубанди маҳсулот дар назар аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо дастур дод, ки барои аҳли заҳмати гармхонаҳо тамоми шароити зарурии кориро муҳайё созанд, то ки талаботи санитарию беҳдоштӣ ва қонунгузории кишвар ба пуррагӣ риоя шаванд.
Дар Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори 4 гармхонаи дигар шинос шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наврӯз Ҷонмаҳмадов бо бародаронаш бунёд ёфтаанд.
Усули кори ин гармхонаҳо дигар аст, вале маҳсули фаъолияташон хуб аст. 4 гармхона дар масоҳати умумии 2 га бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ бунёд ёфтааст. Ба иттилои бародарони соҳибкор, ин хароҷот дар як мавсими ҳосилғундорӣ на танҳо пӯшонда мешавад, балки фоида ҳам ба даст меояд, зеро аз 4 гармхона қариб 100 тонна помидору бодиринг ҷамъоварӣ мешавад. Танҳо дар 3 моҳи зимистон бо харҷи 40 тонна ангишт ба 4 гармхона гармӣ дода мешудааст.
Дар ин гармхонаҳо 15 нафар бо кор таъмин шудаанд.
Ин бародарони соҳибкор, чунонки ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, азм доранд, ки як корхонаи парвариши аспи зоти тоҷикиро ба роҳ монанд. Ташаббуси онҳо дастгирӣ ёфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.11.2014 №: 222 Мутолиа карданд: 5276