logo

суханрониҳо

Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр

Мазҳаби Имоми Аъзам чароғи дурахшон ва роҳнамои мусулмонон мебошад

Ҳамватанони гиромӣ!
Рӯзи якуми октябр иди сайиди Фитр, ки мардум онро ҳар сол бо эътиқод, ихлос ва орзуву омоли нек пешвоз мегирад, фаро мерасад.
Иди сайиди Фитр ба ҳайси ҷашни расмии давлатӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардад. Ин нишони эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба таърих ва фарҳанги мардуми худ ва ҳамзамон арҷгузорӣ ба дини мубини ислом ва арзишҳои волои умумибашарии он мебошад.
Рӯза дар поксозӣ ва парвариши бадани инсон нақши закотро дар мол анҷом медиҳад. Паёмбари гиромӣ, ки худ нӯҳ сол рӯзаи моҳи мубораки Рамазонро гирифта буд, фармудааст: «Ҳар чизе закоте дорад ва закоти бадан рӯза аст».
Фармудаҳои шариат дар мавриди рӯзадорӣ, ин рукни муҳими бинои мусулмонӣ, гувоҳи онанд, ки таълимоти ислом саршори ғояҳои эҳсону накӯкорист: ҳусни муошират бо аҳли хонадон, улфату муҳаббат ба наздикону пайвандон, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват ба дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону нотавонон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон, ёди хайр аз гузаштагон.
Одоби исломӣ ҷавонмардиву олиҳимматӣ, гузашт кардан ва бахшидан аст, интиқом наҷ устан аст, кинаву адоват ва хусумат надоштан аст, бурдборӣ ва мудорост, чеҳраи хандон ва оғӯши кушод, сипосгузорӣ ва қадрдонӣ, азхудгузаштанӣ, аз манфиати худ боло гузоштани манфиатҳои ҷомеа ва миллату давлат, раҳоӣ аз банди ҳавову ҳавасҳост.  Ислом покиву парҳезгорӣ аст, илму адаб ва панду насиҳат аст.
Хутбаву мавъизаҳои ходимони дин дар масҷидҳо,  сӯҳбатҳои уламои ислом бо мардуми рӯзадор дар сӣ шаби ифтор зимни тафсири оятҳои карима, шарҳи ҳадисҳои набавӣ, нақли ривоятҳо аз рӯзгори родмардони илму фарҳанг ва бузургони дин сӣ дарси одобу ахлоқ, худшиносиву худошиносӣ буданд.
Масҷидҳоро хонаи Худо меноманд; мардум ба ин макони муқаддас ба хотири ибодати Парвардигор ва бардошти ғизои маънавӣ меоянд. Вале ин ғизои рӯҳиву маънавӣ низ ба монанди рӯзие, ки аз роҳи касби ҳалол ҳосил мешавад, бояд ҳалолу покиза бошад, то ақлҳоро равшану нуронӣ гардонад, дилҳоро сафову ҷило бахшад. Масҷид бояд ба минбари таблиғи ақидаву андешаҳои ифротӣ ва тундравона, манбаи таассубу хурофот, ихтилофу парокандагӣ байни мардум табдил дода нашавад, балки пайвандгару муттаҳидсози ҳамаи сокинони кишвар, сарфи назар аз миллату мазҳаб ва эътиқоду андешаи онҳо бошад; ба таъбири мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхӣ, вазифаи он «васл кардан» бошад, на «фасл кардан».
Чунонки маълум аст, аксарияти мутлақи мусулмонони кишвар пайрави нахустин мактаби ҳуқуқӣ - фиқҳӣ, паҳнгаштатарин мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат – мазҳаби ҳанафӣ мебошанд. Мазҳаби ҳанафӣ дар таърихи тамаддун ва фарҳанги мардуми кишвари мо, дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии он нақши махсус дорад. Сабаби асосии густариш ва интишори васеи таълимоти Абӯҳанифа ва дигар имомони мазҳаби мазкур ин аст, ки он бо ҳаёти ҷомеа ва зиндагии мардум, урфу одат ва равобити иҷтимоии он созгору ҳамқадам буда, онҳо дар ҳалли бисёр масоили ҳаётан муҳимми иҷ тимоиву иқтисодӣ урфи мардумро асли шаръӣ қарор медоданд. Мазҳаби ҳанафӣ бар пояҳои устувору матини усулӣ ва дар ғояти эътидол қарор дошта, комилан ҷавобгӯи талаботу ниёзҳои моддиву маънавии башарӣ мебошад.
Пешвои мазҳаб Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, ки бо унвони Имоми Аъзам шӯҳраи офоқ гаштааст, бунёдгузори илми фиқҳ буд. Ҳамаи имомони дигар мазҳабҳо ба пешвои дин будани Имоми Аъзам қоиланд ва фазлу мартабаи  ӯро  эътироф кардаанд.
Чунончи, яке аз пешвоёни мазҳаб — имом Шофеӣ гуфтааст: «Ҳар касе бихоҳад фиқҳро биёмӯзад, бояд ба Абӯҳанифа ва ёронаш муроҷиат кунад, зеро ҳамагон ба фиқҳи ӯ ниёз доранд».
Имрӯз низ гиромидошти мазҳаби ҳанафӣ ва арҷгузорӣ ба он гиромидошт ва арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва умумибашарӣ аст. Зеро аз як сӯ, аксарияти мардуми мусулмони кишвари мо аз оғози мушарраф гаштан ба дини мубини ислом ниёзҳои эътиқодии худро маҳз аз дидгоҳи ҳамин мазҳаб қонеъ мегардонанд, аз сӯи дигар, мазҳаби ҳанафӣ дар тӯли таърихи 1300-солаи худ дар саросари рубъи маскун дар байни миллату халқҳои гуногун густариш ва интишор ёфт. Алҳол аксари мусулмонони суннимазҳаби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Покистон, Индонезия, Бангладеш, Ироқ, Сурия, Миср, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ғайра дар ҳалли масоили шаръӣ аз рӯи фармудаҳои фиқҳи ҳанафӣ амал мекунанд.
Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки мазҳаби Имоми Аъзам дар воқеъ ҳам чароғи тобону дурахшон ва роҳнамои мусулмонон дар саросари ҷаҳон мебошад.
Аз ин рӯ, барои арҷгузории фарзанди фарзонаи миллат, олим ва мутафаккир, шахсияти бузурги фарҳангию динӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид.
Моҳи шарифи рамазонро хайрбод гуфта, тамоми мусулмононро бо фарорасии иди сайиди Фитр аз самими қалб муборакбод менамоям. Ба ҳамаи шумо имони комил, хушбахтиву некрӯзӣ, барору комёбиҳо дар роҳи худшиносиву худошиносӣ, дар кору зиндагӣ, дили шоду хонаи обод, бахту иқболи баланд, ваҳдату якпорчагӣ ва тинҷиву оромӣ орзумандам.
Иди сайиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7621
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед