logo

туризм

ТУРИЗМ: ЧАРО МУТАХАССИС НАМЕРАСАД?

Азбаски иқтидори туристии  мамлакат ба таври комил истифода нашудааст, метавон гуфт, ки сайёҳӣ  дар Тоҷикистон дар марҳалаи эҳё ва инкишоф  қарор дорад. Тоҷикистон, ки дорои  мероси ғании  таърихиву фарҳангӣ, сарватҳои нодири табиӣ,  обҳои шифобахш, кӯҳу қуллаҳои баланд аст, бо дуруст ва ҳадафнок ба роҳ  мондани  ҷаҳонгардӣ, метавонад  аз ин  соҳа манфиати бештар бинад. Ин раванд  ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили  нақлиёт,  иттилооту  иртибот, сохтмон, меъморӣ,  санъат, фарҳанг,  кишоварзӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ таъсири мусбат мерасонад.

 
Мутаассифона, мушкили нарасидани  мутахассисони  соҳа ва  ба меъёрҳои байналмилалӣ  ҷавобгӯ набудани сатҳи хизматрасонӣ  садди рушди ин соҳаи даромаднок  гардидааст.  Суоле ба миён мояд, ки муассисаҳои таълимие, ки ҳоло дар Тоҷикистон кадрҳои соҳаи сайёҳӣ тайёр мекунанд, то куҷо метавонанд  мушкили пешомадаро  бартараф  созанд? Оё  шароити таҳсилу таҷрибаандӯзии  донишҷӯён дархӯри талаботи бозори меҳнат аст? Таҳлилҳои дар ин самт анҷомдодаи  кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ  нишон медиҳад,  ки новобаста аз  мавҷуд будани бахши  туризм дар ҳафт донишгоҳу донишкадаи кишвар,  аксари хатмкардагон дар ин соҳа фаъолият намекунанд.  Тавре Нурулло Раҳимов, роҳбари ширкати сайёҳии «Зигана Тур»,  дар суҳбат бо мо иброз дошт, - «айни ҳол  кӯҳнавардон, омодасозони хатсайрҳои нав,  роҳбаладони  соҳибтахассусу забондон намерасанд.  Ҳамчунин  дар баъзе  меҳмонхонаҳо хизматрасонӣ дуруст ва ба таври зарурӣ  ба роҳ монда  нашудааст. Ин   гувоҳи  кам будани  кормандони  ҳирфаии соҳа  аст».  Воқеан ҳам, шумора ва сифати мутахассисоне, ки дар  риштаи туризми макотиби олии кишвар тайёр карда мешаванд, барои пешрафти соҳа басанда нест.  Чунончи, агар  дар  бархе  осоишгоҳҳо  хизматрасонӣ  аз ҷониби   мутахассисони хориҷӣ сурат гирад,  баъзеи  мавзеъҳои туристӣ умуман мутахассис надоранд.  
- Барои рафъи ин мушкил донишгоҳи махсус бо пойгоҳи  мустаҳками туристӣ (назди меҳмонхона ё  минтақаи сайёҳӣ) бунёд меёфт, хуб мешуд, - гуфт Моҳира Қодирова, мудири кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат. -  Дар ин сурат омодашавии кадрҳои ҷавон бо сатҳу сифати нав ба роҳ монда мешуд.  Ақидаи мазкурро қисми зиёди мутахассисону коршиносон дастгирӣ намуда, пешниҳодҳои ҷолиб ҳам баён доштанд. 
Нокифоя будани донишу малакаи мутахассисонро Моҳира Қодирова дар норасоии устодони соҳибтахассуси соҳаи сайёҳӣ  арзёбӣ  менамояд.  Ба гуфтаи ӯ, дар мактабҳои олии кишвар,  назири Донишгоҳи тиҷорат, Донишкадаи санъат, Донишгоҳи миллӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, донишгоҳҳои шаҳрҳои  Кӯлоб,  Қӯрғонтеппа ва Панҷакент мутахассисони соҳа  тайёр карда мешаванд. Аммо ба   сифати омодасозӣ ва такмили ихтисоси устодону муаллимон диққати ҷиддӣ  зоҳир намегардад. Бисёри устодони мактабҳои олӣ мутахассисони соҳаҳои дигар буда, аз рӯйи  китобҳои соҳавии дар  Русия, Беларус, Украина  ба табъ расида дарс  мегӯянд. Бинобар ин  такмили ихтисоси устодону муаллимон дар хориҷи кишвар аз манфиат холӣ нахоҳад буд. 
Fайр  аз ин,  нақшаҳои таълимии муассисаҳо барои омодасозии мутахассисони соҳа номувофиқ буда, дар он дарсҳои ғайриихтисосӣ  бештаранд.  Номукаммалии  барномаҳои таълимӣ дар  кам будани миқдори соати  дарсҳои амалӣ ва забони хориҷист.  Тақрибан  90 дарсади вақти донишҷӯён дар синфхонаҳо мегузарад, ки натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки барои  ихтисосҳои хизматрасон  вақти бештар бояд ба  андӯхтани таҷриба ва васеъ намудани  донишҳои амалӣ  ҷудо шавад. 
- Хушбахтона, дар ин давра бо талошҳои зиёди устодону аъзоёни Маркази илмӣ - методии донишкада дар самти туризм, меҳмоннавозӣ ва  хизматгузорӣ  барномаҳои таълимии ихтисосҳои туризму  меҳмоннавозӣ ва менеҷменти  туризми  байналмилалӣ мутобиқ ба  талаботи  ҷаҳонӣ  таҳия  ва қабул шуданд.  Дар баробари ин, дар  ҳамкорӣ бо корфармоҳо фанҳои  аввалиндараҷа барои ихтисосҳои маркетинг дар сайёҳӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи туризм  муайян ва ба барномаҳо  ворид  гардиданд, -  мегӯяд  Моҳира Қодирова.  Донишкада муассисаи пойгоҳии таҳсилоти олии тахассусӣ дар бахши сайёҳии кишвар ба ҳисоб рафта,  дар он ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир мешавад.  Донишҷӯён  тӯли чор сол  забонҳои русиву англисӣ омӯхта, дар соли охири тахсил  ихтиёран  забонҳои олмонӣ ё фаронсавиро аз бар мекунанд.  Дар сурати бомуваффақият хатм кардани донишкада, дар бахши дилхоҳи сайёҳӣ  фаъолият карданашон имконпазир аст.
Азбаски туризм  хусусияти  байналмилалӣ  дорад,  ҳангоми омода кардани кадрҳо таълими фарҳанги  меҳмондорӣ  урфу одат, анъана ва дигар хусусиятҳои миллӣ бо назардошти стандартҳои байналмилалии ҷаҳонгардӣ бояд ба инобат  гирифта шаванд. 
Алҳол  хоҳишмандони саёҳати кӯҳӣ ва экотуризм дар байни хориҷиён зиёд шудааст,   вале кӯҳнавардони соҳибтахассуси мо ангуштшуморанд. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ  роҳбаладони кӯҳгард ё кӯҳнавард омӯзонда мешаванд. Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат низ дорои  маҳфили кӯҳгардон мебошад ва донишҷӯён таҳти роҳбарии Ҷовид  Завқов  дар мавсими баҳору  тирамоҳ ба  кӯҳҳо  баромада, бо  қоидаҳои  кӯҳгардӣ  шинос  мешаванд .  Аммо  ин амал  талаботро  қонеъ намегардонад.   Зеро кӯҳнавардӣ пешаи хавфнок буда, мутахассиси ҳамаҷиҳата омодашударо  тақозо  менамояд. Дар ин самт  гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ  низ бояд омода шаванд, то дар мавридҳои зарурӣ  ва  фурсати кӯтоҳ ба мадад бирасанд.  
Руслан Шодиков, муовини  раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, гуфт, ки барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳбаладон  бо  даъвати мутахассисони хориҷӣ,  мунтазам семинару тренингҳои омӯзишӣ доир карда  мешаванд.   Ҳамчунин ҷиҳати бунёди инфрасохтори мутобиқ ба талаботи замон,  роҳандозии  хизматрасонии  сатҳи олӣ ва  дар ин замина рушди туризм тавассути  муаррифии иқтидори туристии кишвар ва омодаву паҳн сохтани маводҳои тарғиботӣ,  аз ҷониби кумита  чораҳои амалӣ андешида шуда истодаанд.  
Моҳира Қодирова иброз дошт, ки   сатҳи забондонии  курсҳои поёнӣ  нисбатан хуб буда, васоити таълимиро бо забонҳои хориҷӣ  алаккай аз худ карда  истодаанд.  Чанд нафари онҳо дар меҳмонхонаҳои маъруфи пойтахт  ба кор шурӯъ кардаанд. Ин ҷиҳат умедвор месозад, ки солҳои наздик  сайёҳон натанҳо аз обуранги аҷиби табиӣ, хусусиятҳои хоси меъмории миллӣ  ва таърихи кӯҳани  кишвар таассуроти рангин  мебардоранд, балки аз хизматрасониву  меҳмоннавозии сатҳи олӣ бо рӯҳи болида ба ватани худ баргашта, дӯстону наздиконашонро ба сайри Тоҷикистони  меҳмоннавозу  биҳиштосо  раҳнамун  месозанд.
 
Шаҳнози ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2014    №: 225    Мутолиа карданд: 12052
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед