logo

илм

ТОҶИКОН ВА ИСТИЛОИ МУҒУЛ

Сайфидддин НАЗАРЗОДА,
доктори илми филология
 
Ҳар як халқу миллат дар таърихи худ давраҳои шукуфоиву боландагӣ ва фоҷиабору талх дорад. Халқи тоҷик баъд аз истилои араб ҳодисаҳои фоҷеабореро аз сар гузаронидааст, ки ҳуҷуми муғулҳо бо роҳбарии Чингизхон ва ба сарзамини тоҷикон  сарозер шудани қабилаҳои ӯзбек бо роҳбарии Шайбонихон намунаи ин гуна ҳодисаҳост. 
 
Агар то истилои муғул воридшавии қабилаҳои турк ба ҷуғрофиёи сукунати халқҳои эронӣ ва махсусан тоҷикон таъсири воқеӣ ва назаррас нарасонда бошад, ҳуҷуми Чингизхон ба Осиёи Миёна ва Эрон на танҳо ба саросар нобудсозӣ ва қир кардани тоҷикон оварда расонд, балки ба дигаргуншавии вазъи ҷуғрофии сукунати тоҷикон дар сарзамини обоии онҳо ибтидо гузошт. То тохтутози муғулҳо ба Осиёи Миёна дар нақшаи миллии халқҳои Хуросону Мовароуннаҳр мардуми тоҷик мавқеи асосиро ишғол намуда, дар тамоми ин сарзамин ба таври аксарият зиндагӣ мекард. Ба ғайр аз тоҷикон дар ин давра қабилаҳои туркӣ низ, аз қабили қарлуқҳо (бозмондаи қарахониҳо), оғузҳо (туркманҳо) (натиҷаи сиёсати нодурусти Ғазнавиҳо ва ҳуҷуми Салҷуқиён), қипчоқҳо (дар дашти Қипчок, ки собиқ дашти Тӯрон ва собиқтар дашти Тоҷик ном дошт) ва ғайра (бештар дар қисмати шарқии Осиёи Марказӣ) сокин буданд, ки бештар фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷикро қабул намуда, баъзеи онҳо ҳатто забони худро фаромӯш карда, тоҷикзабон шуда буданд. Аслан воридшавии туркҳо ба Осиёи Миёна аз асрҳои V-VI ибтидо мегирад ва дар натиҷаи бузургтарин ва мудҳиштарин муҳорибаи байни Ҳайтолиён ва Туркҳо дар соли 563 милодӣ сарзамини Ҳайтолиён ба ду бахш тақсим гардид. Қисмати фарорудии давлати Ҳайтолиён, яъне Суғду бахше аз минтақаҳои Бохтар ба ихтиёри Ҳоқони Турк ва қисмати марказӣ, яъне Бохтару минтақаҳои ҷанубии он ба тобеияти Сосониён даромад ва Ҳайтолиён тобеияти Сосониёнро қабул карданд. Ин ҳодиса дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ботафсил инъикос шудааст.
Аз нигориши ин ҳодисаҳо дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ фақат аз лиҳози робитаҳои сиёсиву байналмилалӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Сосониён барои барқарор кардани муносибатҳои мустақими тиҷоративу иқтисодӣ бо Чин ва зери назорат гирифтани бахше аз роҳи бузурги абрешим барои аз байн бурдани рақиби худ – Ҳайтолиён бо Ҳоқони Турк ба мувофиқа меоянд ва дар натиҷа Ҳайтолиёнро, ки аз халқҳои Осиёи Миёна ва махсусан тоҷикон (суғдиёну бохтариён) намояндагӣ мекарданд ва ворисони Кушониёни Кабир (Ҳайтолиён баъд аз Кидориён охирин намояндагони Кушониён буданд) ҳисоб мешуданд, аз миён бардоштанд.
Вале ин кори сиёсии Сосониён барои ояндаи халқи тоҷик ва худи сулолаи Сосониён нақши хеле фоҷиабор дошт. Дарвозаҳои Осиёи Миёна ба рӯйи қабилаҳои гуногуни туркнажод боз гардид. Истилои араб ва густариши дини ислом, то ибтидои асри IX, то давраи ҳукмронии Сомониён ва нисбатан Ғазнавиён пеши роҳи нуфузи қабилаҳои туркнажодро гирифт. Вале баъдан Қарохониҳо ва Салҷуқиён тавонистанд, ки ба ин минтақа сарозер шаванд, вале онҳо тавре зикр кардем, фарҳангу тамаддуни исломии тоҷиконро қабул намуданд ва дар байни мардуми тоҷик ҳазм шуда, забони тоҷикиро (ба ғайр аз қабилаҳои туркман) қабул намуданд.
Қабл аз он ки Чингизхон ба кишвари Тоҷикон ҳуҷум кунад, Чини шимолӣ, қабилаҳои турктабори ҳавзаи дарёи Иртиши ҳозира, атрофи Тибету Кошғару Хутанро (қирғизҳо, нойманҳо, уйғурҳо ва ғайра), ба худ тобеъ кард. Баъзе аз ин қавму халқиятҳои муғулнажод сипас баъд аз истилои Осиёи Миёна ва Эрон дар минтақаҳои гуногуни он маскан гузиданд.
Ҳуҷуми муғулҳо ба сарзамини Хуросону Фарорӯд хеле фоҷиабор буд. Муғулҳо бо сардории Чингизхон шоҳони Хоразмро шоҳи тоҷик ва ин кишварро кишвари тоҷик меномиданд. Тавре ки устод Айнӣ бо нақл аз «Равзат - ус - сафо» менависад: «Чингизхон хавонин (хонҳо) ва умарову нуниёнро ҷамъ карда гуфт, аз сари ҳазм азми разми вилояти Тоҷик кардӣ».
Ҳуҷуми муғул, ки давраи аслии он солҳои 1219 - 1223 - ро дар бар мегирад, аз рӯйи бархе маълумотҳо  тирамоҳи соли 1219 оғоз мешавад ва қалъаи Утрор аввалин ҷое буд, ки баъди панҷ моҳи муҳосира ба дасти муғулҳо афтод. Дар ин муддат муғулҳо шаҳрҳои асосии Осиёи Миёнаву Хуросон, аз қабили Бухоро, Самарқанд, Гурганҷ, Хуҷанд, Тирмиз, Балх, Марв, Ҳирот, Нишопурро забт намуда, ба хок яксон мекунанд. Бархе аз шаҳрҳо Ҳирот, Балх, Марв дубора ишғол мегарданд, зеро баъди ҳуҷуми аввалӣ ин шаҳрҳо аз нав шӯриш мебардоштанд.
Баъд аз фатҳи Бухоро ва куштору сӯхтори Чингизхон он ба вайрона табдил ёфт ва тавре Атомалики Ҷувайнӣ дар таърихномаи худ менависад: «…Ва яке аз Бухоро пас аз воқеа гурехта буд ва ба Хуросон омада, ҳоли Бухоро аз ӯ пурсиданд. Гуфт: омаданду канданду сӯхтанду куштанду бурданду рафтанд. 
Аз шаҳрҳои Мовароуннаҳр мудофиаи шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Гурганҷ, Хуҷанд дар таърихномаҳо муфассал тасвир шудааст. Масалан, дар рӯзи шашуми муҳосираи шаҳри Самарқанд бо тадбири хоинонаи қозӣ ва шайхулисломи шаҳри Самарқанд ҳангоми намози бомдод дарвозаи Намозгоҳ ба рӯи муғулҳо кушода шуд ва лашкари муғул ба шаҳр ворид гардида, даст ба қатлу ғорати мардум зад.  Аз рӯи маълумоти Ибни ал-Асир туркҳо низ дар ин муҳосира даст ба хиёнат заданд. «Сипоҳон, ки дар ин ҷо ба сар мебурданд, чун турк буданд гуфтанд: мо ҳам аз нажоди муғулон ҳастем, моро намекушанд».  Вале аҳли Самарқанд бо лашкари тоҷик, ки зиёда аз 60 ҳазор нафарро ташкил медод, сахт муҳориба карда, дар набарди тан ба тан ҷони худро барои шаҳри азизи худ нисор намуданд. Муҳосира ва набарди Самарқанд ду моҳ идома ёфтааст. Охирин муҳофизони Самарқанд бо роҳбарии Алихон ин «марди гурду ҷонбозе ва бо ҳазор марди дил аз хон баргирифта аз ҳисор берун омад ва бар миёни лашкари муғулон зад ва бо султон пайваст» ва баъдан Чингизхон «Самарқанд бигрифт ва шаҳр(ро) хароб гардонид ва бисӯхт».
Барои намуна сарнавишти фо-ҷиабори шаҳрҳои бостонии Гурганҷ, Балх, Марв, Ҳирот ва Нишопурро мисол меорем. Шаҳри Гурганҷ ё Урганҷ пойтахти Хоразмшоҳиён муддати ҳафт моҳ дар муҳосираи чингизиён қарор дошт. Таърихнигорон ин муҳосира ва ҷанги қаҳрамононаи мардуми ин шаҳрро муфассал ба қалам додаанд. Аввалан, таърихнигорон менигоранд, ки қисмати бештари аҳолии ин шаҳр тоҷикҳо ё ба истилоҳи онон «сартҳо» буданд.
Дар зимистони соли 1219 - 1220 баъд аз фатҳи Тирмиз ва ба харобазор табдил додани он Чингизхон ба самти Ҳисору Хатлон  равон шуда зимистонро дар дашти Сомон ва наздикиҳои Кангурт мегузаронад: «Ва чун аз нақб ва қатл фориғ шуданд, ба ноҳияти Кангурт ва ҳудуди Сомон рафт ва зимистон дар он ҳудуд ба охир расонд. Ва он навоҳиро низ ба қатл ва тохтан ва кандану сӯхтан пок кард. Ва аз тамомати Бадахшон ва он ҳудуду билодро лашкарҳо фиристод. Чунонки дар он навоҳӣ аз мухолифон асар намонд.
Дар ин иқтибос бо ҳам якҷо омадани номвожаҳои ҷуғрофии Кангурт ва дашти Сомон хеле аҷиб ба назар мерасад. Дар атрофи деҳкадаи Кангурти имрӯза танҳо як дашт вуҷуд дорад, ки он ҳам дашти Олимтойи ноҳияи Восеъ мебошад. Вале дар ин ҷо деҳае вуҷуд дорад, ки Сомончӣ ном дорад. Ин номвожаи ҷуғрофӣ шаҳодати дар давраҳои пешин дашти Сомон ном доштани дашти Олимтойи имрӯза аст.
Ва танҳо чунин дашти васеъ имкон медод, ки лашкари анбӯҳи Чингизхон дар ин ҷо зимистонро гузаронад. Аз тарафи дигар аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум мешавад, ки саравлоди Сомониён – Сомонхудот аз минтақаҳои атрофи Балх будааст. Хатлону Вахш дар асрҳои миёна ва давраи бостон доимо аз минтақаҳои тобеи Балх ҳисоб мешуданд. Бинобар ин тахмин меравад, ки ватани аслӣ ё молики асосии ин минтақаҳо ҳамин Сомонхудот бошад. Чунки Сомонхудот соҳиби Сомон ё шоҳи Сомон аст, ки ин маъниро дар Бухорхудот низ дида метавонем. Албатта, ин фарзия ба таҳқиқи илмӣ ниёз дорад. Вале ин нукта муҳим аст, ки дашти Сомон ҳамон ҷоест, ки дар наздикии деҳкадаи Кангурт қарор дорад ва имрӯз метавон дашти Олимтойро дашти Сомон номгузорӣ кард.
Чингизхон баъд аз зимистонгузаронӣ дар атрофи Кангурту Сомон ба он тарафи дарёи Омӯ мегузарад. Тавре муаллифи «Таърихномаи Ҳирот» Сайфии Ҳиравӣ баъд аз сад соли ҳуҷуми муғул менависад: «Баъд аз он, ки Чингизхон аз оби Омӯя бигузашт ва сивуҳафт рӯзи мутаоқиб (паиҳам) бо халқи шаҳри Балх ҳарб кард ва бисёре аз кумоти (бузургон) боргоҳи даргоҳ ва абтоли (шуҷоиён) риҷоли сипоҳи ӯ ба қатл пайваст, Балхро фатҳ кард ва кулли халқи онҷоро ба қатл расонид. Ба иллати он ки Тумқой писари Чағатой дар Бомиён ба қатл расид ва подшоҳ Чингизхон низ дар Бомиён ранҷур шуд, тамоми мардуми Бомиёнро бикушт…».
Бояд  тазаккур дод, ки муносибати Чингизхон бо мардуми тоҷик хеле бадхасмона ва душманона аст. Ин муносибати бадкинонаи ӯ дар «Яссаҳо» - и ӯ, ки мисли панду насиҳат ба меросхӯронаш ба ёдгор гузоштааст, бармало маълум мешавад. Ӯ мардуми тоҷикро душмани қаттоли худ ва ҳамхунонаш дониста, ба онҳо таъкидан тавсия менамояд, ки бо ин мардум рафтори бадхасмонаро раво бинанд. Ин суханони ӯ дар таърихномаҳо сабт шудааст.
Аз насиҳати ӯ ба фарзандаш Тулихон, ки барои ғасби Хуросон фиристода шуда буд: «Ва зинҳор,  ки бедору ҳушёр бошӣ ва бар тоҷикон эътимод накунӣ, хоса бар хуросониён, ки дар ақолими ҷаҳон ба далерӣ ва кин хостану шаб рафтану камин сохтан бар саф омадаанд». Тулихон ҳам насиҳати падарро ба ҷо оварда, баъд аз фатхи шахри Нишопур чунин корро анҷом дод. «Чун он шаҳр фатҳ шуд, аз бачаи гаҳвора то пири садсоларо ба қатл расонд».
Шаҳри Нишопур дар ибтидои ҳамлаи муғул ду бор мавриди ҳамла қарор гирифт. Дар ҳамлаи аввал Тағоҷар нуён домоди Чингизхон дар муҳориба бо сокинони шаҳр кушта шуд ва сипоҳи муғул шикаст хурд. Ҳамлаи дувум бо роҳбарии Тулӣ, писари Чингизхон сурат гирифт. Баъд аз се рӯзи ҷангҳои сахт муғулон шаҳрро гирифтанд. Рафтори муғулон бо шаҳрҳои ишғолшуда якнавохт буд. Мардуми боқимондаи шаҳрро бароварда, мардонро куштанд, занонро ба асирӣ гирифта, сипас шаҳрро «ба кафи даст» баробар карданд. Духтари Чингизхон барои хунбаҳои шавҳараш Тағоҷар баъд аз ворид шудан ба шаҳр тамоми сокинони боқимондаро қатл фармуда ва ҳатто фармон дод, ки сагу гурбаи шаҳрро зинда нагузоранд. Баъдан тибқи ривояти муғулҳо ҳафт шабонарӯз ба Нишопури вайронаву валангор об бастанд ва дар саросари он ҷав коштанд. Ҳамин гуна рафтор нисбат ба шаҳрҳои Марву Балх аз тарафи муғулон раво дида шуд ва то ба ҳол аз ин ду шаҳри таърихӣ ва гаҳвораҳои тамаддуни тоҷикон харобаҳову вайронаҳо боқӣ мондаанд. Танҳо дар шаҳри Марв беш аз 700 ҳазор нафар ба қатл расид ва танҳо шумори куштаҳо 13 шабонарӯз идома ёфт, ҳол он ки Марв то ҳуҷуми муғул яке аз шаҳрҳои ободтарини ин сарзамин буд. Ёқути Ҳамавӣ дар ин бора навиштааст: «Марвро дар соли 616 (1218) тарк гуфтам. Дар ин мавқеъ дар он шаҳр даҳ хазона аз кутуби вақфӣ вуҷуд дошт, ки ман назири онҳоро на аз ҷиҳати касрати кутуб ва на аз лиҳози хубии нусах надидам… Дастрасӣ ба ин китобхонаҳо бениҳоят осон буд. Ва камтар иттифоқ меафтод, ки дар манзили ман дувист муҷаллад ё бештар аз онҳо бидуни ҳеҷ навъ гараве набошад, дар сурате ки қимати ин муҷалладот бар 200 динор болиғ мешуд… Агар ин шаҳр ба чанги тотор намеафтод ва рӯ ба вайронӣ намерафт, то дами марг онро тарк намегуфтам, чи мардуми он хушмуоширату меҳмоннавозанд ва шаҳр аз ҷиҳати касрати  (зиёдии) кутуб матқани беҳамтост».
Албатта, ҳуҷуми муғулҳо ва оқибатҳои фоҷиабори он барои мардуми тоҷик дар аксари таърихномаҳову осори гузаштагони мо ва донишмандону сайёҳони хориҷӣ таъкид шудааст. Вале то ба ҳол барои мардуми мо оқибатҳои сангину нангини он ба андозаи амиқу равшан маълум нашудааст ва аксари тоҷикон аз ин ҳодисаи шуми таърихӣ он қадар огоҳ нестанд. Ҳол он ки ин ҳуҷуми муғул бештару пештар теша ба решаи тамаддуну фарҳанг ва умуман миллату халқи тоҷик ҳамчун халқи давлатсози сарзамини паҳновари Мовароуннаҳру Хуросон, Эрони ғарбӣ ва ғайра зада, зарбаи ҷонкоҳе ба пайкари миллати мо ворид кард, ки аз рӯйи гуфтаи Сайфии Ҳиравӣ дар «Таърихномаи Ҳирот» «Ҳануз сафаҳоти маҳёи анбаро аз хуни тоҷикон гулгун аст».
Ҳуҷуми муғул дар сарнавишти мардуми тоҷик ҳамчун нобудсозии нажодӣ ё генотсиди халқи тоҷик боқӣ мондааст. Танҳо куштори саросари аҳолии чандин шаҳрҳову қалъаҳои Хуросону Мовароуннаҳр ва ҳатто бархе аз шаҳрҳои обод, шудгор кардану киштани ҷав кофист, ки аз ин ваҳшонияту куштори дастиҷамъонаи мардуми ин минтақа гувоҳӣ диҳад. 
Ибни Асир мегӯяд: «Агар касе бигӯяд ки аз хилқати Одам то кунун олам ба назири чунин ҳодисае гирифтор наёмада, роҳи хилоф нарафта аст, чи таърих ҳодисаеро, ки шабеҳ ё наздик ба ин воқеа бошад, ба хотир надорад. Яке аз азимтарин вақоеи таърихӣ, ки  зикри он вирди забонҳост, рафтори Бухтунаср аст бо бани Исроил ва куштори ӯ аз эшон ва вайрон кардани Байтулмуқаддас. Вале Байтулмуқаддас чӣ азамате дорад ва бани Исроил дар ҷониби касоне, ки дар ин воқеа ба қатл расидаанд, чӣ аҳамияте доранд, зеро ки адади кушташудагони як шаҳр танҳо ба бани Исроил фузунӣ дошта. Шояд мардум дигар мисли ин ҳодисаро, то инқирози олам ва поёни дунё набинанд. Яъҷуҷу Маъҷуҷ ва Даҷҷол лоақал ба атбои худ ибқо (пойдор, зинда доштан) мекунанд ва мухолифонро аз миён бармедоранд, вале ин ҷамоат бар ҳеҷ кас раҳм наёварданд, занону мардону кӯдаконро куштанд ва шикамҳои ҳомилагонро дариданд ва  атфоли ҷанинро низ ба қатл оварданд…».
Бояд зикр намуд, ки унсури туркӣ дар тохтутози муғул нақши муҳим дошт. Дар намунаи муҳосираи Самарқанд мушоҳида гардид, ки сипоҳиёни турки Хоразмшоҳ бо далели хешовандии ирсӣ доштан бо муғулон ба онҳо таслим шуданд. Дар аввали ҳуҷуми Чингизхон ба Осиёи Миёна сарбозони асосии ӯ аз муғулон иборат буд. Вале тавре мебинем, Чингизхон аз ҳамон рӯзҳои аввали ҷанг қабилаҳои гуногуни турктаборро, аз қабили найманҳо, кароитҳо, тунғутҳо, қипчоқҳо, қанқалиҳо, қарлуқҳо, уйғурҳо, ки ба муғулон қаробати нажодӣ доштанд, ба урдуи худ шомил намуд. Онҳоро ба иҷрои Яссон худ, ҳукму суннату анъанаҳои муғулон водор намуд. Баъдан тавре аз ҳуҷумҳои минбаъдаи муғулон мебинем, бо кам шудани сарбозони муғулӣ таъсири туркон дар урдуи Чингизхон зиёд шуда, унсури туркӣ бар унсури муғулӣ бартарӣ пайдо мекунад. Агар ҳуҷуми муғул ба Осиёи Миёна ва Эрон бештар бо неруҳои муғулӣ сурат гирифта бошад, пас ҳуҷуми муғулон ба Русу Аврупо бо номи ҳуҷуми тотору муғул ёд мешавад. Ҳол он ки яке аз сабабу баҳонаи Чингизхон барои ҳуҷум ба кишвари Тоҷик маҳз ба қабилаҳои тотори душмани Чингизхон паноҳгоҳ додани Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ буд.
Муаррихи дигари асримиёнагии тоҷик Атомалики Ҷувайнӣ дар таърихномаи худ баъд аз панҷоҳ соли истилои муғул менависад: «Ба сабаби таъсири рӯзгор ва таъсири фалаки даввор (даврзананда) ва гардиши гардуни дун ва ихтилофи олами буқаламун мадориси дарс мундаррис (фарсуда)… ва табақаи талабаи он дар дасти лагадкӯби ҳаводис поймоли замонаи ғаддор ва рӯзгори маккор шуданд… Ҳунар акнун ҳама дар хок талаб бояд кард, з - он ки андар дили хоканд ҳама пурҳунарон… Акнун басити замин умуман ва билоди (шаҳрҳои) Хуросон хусусан, ки матлаи саодоту мубаррот (арзониҳо) ва мавзеи муродоту хайрот буд ва манбаи уламоу маҷмаи фузало… аз пирояи вуҷуди… ҳунару одоб холӣ шуд.
Умуман, ҳуҷуми муғул на танҳо барои мардуми тоҷик, балки барои тамоми аҳли башар аз Ҷопону Чин то кишварҳои Аврупои ғарбӣ як ҳодисаи фоҷиабору нангини таърихӣ буд. Матео Порис (Matthew Poris) яке аз таърихнигорони муосири ҳамлаи муғул дар бораи воқеаҳои соли 1230 мелодӣ чунин менависад: «Дар ин сол тоифае маълум аз нажоди Аҳриман яъне сипоҳи фаровони тотор масокини кӯҳистонии худро раҳо карда, аз маобир (гузаргоҳҳо) - и ҷиболи Қафқоз гузаштанд ва мисли саканаҳои (сокинони) бадкори дӯзах малахвор рӯйи заминро фаро гирифтанд ва доманаи харобкории худро ба навоҳии шарқии Аврупо низ кашонданд ва онро ба сурати биёбон дароварда, мардуми онро ба хуну оташ фурӯ карданд. Баъд аз он ки ба билоди муслимин даст ёфтанд, шаҳрҳоро аз бун барканданд, ҷангалҳоро аз решаҳо барандохтанд, қалъаҳоро мунҳадим (вайрон) карданд, дарахтҳоро аз бех буриданд, боғҳоро ба хок яксон карданд ва шаҳриву деҳқонӣ (деҳотӣ) - ро аз дами теғ гузаронданд… Муғул бо ин ҳол, ки шарҳ додем, ба суръати барқ ба ҳудуди мамолики исавӣ омаданд ва ба василаи ғорату қассобӣ ва садама ҳар киро ёфтанд, бо сахттарин тарзе куштанд ва ҳар куҷо қадам гузоштанд, онро бо фоҷеътарин тарзе поймол карданд ва ҳамин кайфият буд, ки муслиминро ба хиёли иттиҳод бо исавиён андохт, то шояд бад - ин васила ба маияти (ҳамроҳии) ҳам ҷилави ин ғулони одамихорро бигиранд».
Ҳуҷум ва истилои муғул ба андозае марговар буд, ки қариб дусад сол аҳли башар дар Осиёву Аврупо аз ҳаёти фарҳангӣ бозмонд ва шаҳрҳои обод вайрону валангор, боғу киштаҳо ба хок яксон ва минтақаҳову кишварҳои обод саропой холиву беодам монданд. Шояд баъд аз муҳоҷирати кабири қабилаву халқиятҳои гуногун дар ибтидои ҳазораи мелодӣ ҳуҷум ва истилои муғул аз пурфоҷеатарин ва хунинтарин даврони таърихи башарият бошад.
Вале як нукта мусаллам аст. Агар ваҳдату муттаҳидӣ байни тоҷикон ва халқиятҳову қабилаҳои туркнажоди Хуросону Мовароуннаҳр вуҷуд медошт ва Хоразмшоҳиён агар мардуми минтақаро бар зери парчами зиддимуғул ҳидоят ва роҳбарӣ мекарданд, шояд ин фоҷиаи таърихӣ рух намедод ва халқи тоҷик имрӯз яке аз миллатҳои тавонотарини дунёи мутамаддин мегардид.
Ҳуҷуми фоҷиабори муғул ва ҷонбозиҳои мардуми тоҷик дар саҳифаҳои таърих сабт аст. Тоҷикон ҳатто дар қалъаҳои дастнораси кӯҳистонӣ тавонистанд солҳо аз худ дифоъ кунанд ва аз харобиву нобудӣ эмин монанд. Баъд аз ин фоҷиаи хунбор ҳанӯз сад сол зиёдтар нагузашта буд, ки тоҷикон мисли самандар аз оташ берун шуданд ва дар намунаи давлатдории Куртҳо ва Сарбадорон аз нав фарҳанги давлатдории худро эҳё намуданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2014    №: 227    Мутолиа карданд: 13225
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед