logo

порлумон

БУҶЕТИ СОЛИ 2015 ҚАБУЛ ГАРДИД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» баррасӣ шуд. 
 
Абдусалом Қурбонов, вазири молия, зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур иброз дошт, ки лоиҳаи Буҷети давлатии миёнамуҳлат барои солҳои 2015 - 2017 дар асоси афзалиятҳо аз ҷониби Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян гардидааст. Дар он, пеш аз ҳама, самтҳои стратегии идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018, Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 ва дигар барномаҳои афзалиятноки соҳавӣ, пешниҳодҳои вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудааст.
Назар ба гуфтаи мавсуф, новобаста аз мушкилоти солҳои охир устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи муайян нигоҳ дошта шуда, барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат заминаи зарурӣ гузошта мешавад. Дар ин робита дар солҳои 2015-2017 афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд дар доираи на кам аз 7 фоиз, меъёри таваррум 7,5 фоиз ва қурби пули миллӣ нисбат ба 1 доллари ИМА 5,1 сомонӣ дар назар аст.
Ҳаҷми Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои даромад ба маблағи 15,3  миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 1,4 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар лоиҳаи буҷет ҳамаи захираҳои молиявии давлатӣ, аз ҷумла маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ 2 миллиард сомонӣ, маблағи махсуси иншооти буҷетӣ 78,5 миллион сомонӣ, даромади ҷории буҷети давлатӣ 12,6 миллиард сомонӣ ба афзоиши 12,9 фоиз ба ҳисоб гирифта шудааст. Ҳиссаи ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 28,9 фоиз ва даромади ҷории он ба 23,9 фоиз баробар гардида, нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 0,8 фоиз зиёд мебошад. Хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2015 дар доираи нишондодҳои даромад бо назардошти касри буҷет 0,5 фоизи ММД нисбат ба соли ҷорӣ ба маблағи 1,4 миллиард сомонӣ афзоиш меёбад, ки ин ба 29,4 фоизи ММД баробар мебошад. Дар доираи Барномаи стратегии давлат дар лоиҳаи буҷет ҷиҳати маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда,  ба ин мақсад 7,7 миллиард сомонӣ бо афзоиши 855,1 миллион сомонӣ равона мегардад.
Мавсуф иброз дошт, ки ба соҳаи маориф 2,9 млрд. сомонӣ бо афзоиши 401,8 миллион сомонӣ, тандурустӣ 1,2 млрд. сомонӣ бо афзоиши 105,3 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини нафақа 2,9 млрд. сомонӣ бо афзоиши 198 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 736,5 миллион сомонӣ бо афзоиши 150,2 миллион сомонӣ, илм 82,6 миллион сомонӣ бо афзоиши 4,7 миллион сомонӣ равона мегардад. Барои маблағгузории афзалиятҳои реалии иқтисодиёт, аз ҷумла сохтмон ва барқарорсозии иншооти энергетикӣ, роҳҳои автомобилгард, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, бо оби ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ ва инфрасохтори хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмони дигар иншооти муқими давлатӣ дар лоиҳаи буҷет 4,3 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Назар ба гуфтаи вазири молия, барои барқарорсозии НБО - и Роғун 1,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Бо мақсади таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ дар лоиҳаи буҷет 325,7 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 10,3 миллион сомонӣ барои харидани дору, мубориза бар зидди малах, ҳашароти зараррасон, рушди соҳаи чорводорӣ равона мешавад. Барои дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурд ва миёна 70 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Барои фаъолияти сиёсати берунии ҷумҳурӣ, нигоҳдории мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, таъмини бехатарӣ ва мудофиаи кишвар ба ҳиссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар буҷет 2,4 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки афзоиши он 310 миллион сомонӣ ё 12 фоизро ташкил медиҳад.
Сафаралӣ Гулов, вакили порлумон, гуфт, ки самтҳои асосии даромади буҷети давлатӣ барои соли 2015 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андоз ва грантҳоро ба танзим медарорад, ба нақша гирифта шудааст.
Даромадҳои ҷории буҷети давлатӣ бе назардошти грантҳо барои соли 2015 ба маблағи 12 млрд. 534,2 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба нақшаи соли 2014 1 млрд. 468,7 миллион сомонӣ ё 13,3 фоиз зиёд мебошад.
Он аз ҳисоби сарчашмаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби андозҳо ва даромадҳои дохилӣ 7 млрд. 858,6 миллион сомонӣ, воридот аз фаъолияти иқтисоди берунӣ, пардохтҳои гумрукӣ 4 млрд. 300,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллӣ, зимни баррасии лоиҳа иброз дошт, ки пастравии қурби сомонӣ барои даромадҳои буҷет таъсири манфӣ намерасонад.
- Вазъи душвори геополитикии минтақа ба шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон – Русия таъсир расонд ва ноустувории иқтисодиаш ба назар мерасад, ки таъсири он дар Тоҷикистон низ эҳсос мегардад. Ҳангоми таҳияи лоиҳа он омилҳои таъсиррасон ба инобат гирифта шудаанд, - иброз дошт Неъматҷон Буриев, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо.
Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ва лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 баррасӣ ва аз тарафи вакилон тасдиқ гардиданд.
 
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2014    №: 227    Мутолиа карданд: 1528
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед