logo

порлумон

ДАР МАҶЛИСИ МИЛЛӢ 36 МАСЪАЛА БАРРАСӢ ШУД

Дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, баргузор гардид, 36 масъала баррасӣ шуд.
 
Дар ҷаласа тағйиру иловаҳои воридшуда ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи амният», «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд», «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ», «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фармоиши давлатии мудофиавӣ», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи гарави амволи манқул», «Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа», «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Дар бораи реклама», «Дар бораи иттилоот» аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд. Ҳамчунин, лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд», «Дар бораи тағйир додани номи баъзе  маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Шӯрообод, Қубодиён ва Бохтари вилояти Хатлон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо қарори Маҷлиси миллӣ ваколати судяи Суди Олӣ У. Маҳмадшоев бинобар вафоташ қатъ гардид ва Ҷ. Исроилов аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ бозхонд шуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев аз Абдуҷаббор Ширинов - раиси Бонки миллӣ ва Шерхони Одина, Прокурори генералӣ, хоҳиш кард, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» чораҳо андешанд, то дастрасии манзил ба шаҳрвандон осон гардад. 
 
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2014    №: 228    Мутолиа карданд: 1448
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед