сафарҳо
Эмомалӣ Раҳмон аз се ҳамоиши СММ дар дутоаш раисӣ кард
Ҷараён ва натиҷаҳои ин сафар бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон таҳти раҳбарию раҳнамоии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор гузошта, обрӯю нуфузи байналмилалии худро таҳкиму тақвият мебахшад.
Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бори нахуст аз се ҳамоиши бузурге, ки дар Созмони Милали Муттаҳид баргузор гашт, дутоаш таҳти раёсати Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.
Аз ду ҳамоиши таҳти раёсати Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёнгирифта яке чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама» ва дуюмаш ҳамин гуна ҳамоиш оид ба баррасии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола буд.
25 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии Иҷлосияи 63– юми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, устуворгардонии минбаъдаи низоми фаъолияти СММ – ро баҳри таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ ва ҳалли проблемаҳои умумибашарӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш маънидод кард.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз силсилаи бӯҳронҳои ба ҳам вобастаи энергетикӣ, озуқаворӣ, иқлимӣ ва молиявӣ, ки садди роҳи рушди бонизом гаштаанд, изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт: «Оқибатҳои чунин зуҳуроти номатлуб ба эҳсосоти иҷтимоии миллионҳо нафар одамон дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф ва давлатҳои дар давраи гузариш қарордошта, аз ҷумла дар мамлакати мо таъсири шадиди манфӣ доранд».
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо эътимод ба Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт: «Ин ҳолат орзӯю омоли одамонро ба бунёди ҷомеаи бештар одилона ва орому осуда ҳанӯз аз байн набурдааст ва онҳо умед доранд, ки Созмони Милали Муттаҳид чун як ташкилоти қавии байналмилалӣ метавонад нерӯю имкониятҳои худро ба ҳалли масъалаҳои муҳимтарини имрӯза сафарбар намояд».
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла барои истеҳсоли сӯзишвории биологӣ сарф намудани маводи ғизоиро «кори зиддиинсонӣ» арзёбӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи иштирокчиёни иҷлосияро ба ҳаллу фасли масоили глобалии обию энергетикӣ ҷалб намуда, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки баҳри баррасии он дар сатҳи баланд Иҷлосияи махсуси Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид даъват карда шавад.
Сардори давлати мо Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар сурати дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳо ва созмонҳои мададрасон, баҳри татбиқи амалии лоиҳаҳои инвеститсионии обӣ ва обию энергетикии Тоҷикистон кишвари мо метавонад минтақаҳои зиёди Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро бо оби нӯшокӣ ва нерӯи барқи арзони аз нигоҳи экологӣ безарар таъмин намояд.
Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки натиҷаҳои панҷсола ва татбиқи минбаъдаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», ки бо ташаббуси Тоҷикистон эълон гашта буд, соли 2010 дар шаҳри Душанбе зимни як анҷумани байналмилалӣ баррасӣ мегардад ва роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои дахлдорро даъват намуд, ки баҳри иштирок дар он намояндагони воломақоми худро бифиристанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бӯҳрони амиқу саросарии Афғонистон ва афзудани хатари беандозаи терроризму экстремизм ва истеҳсолу гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда, таъкид бар он дошт, ки ин кишвар на танҳо ба зиёд намудани ҳузури низомии мамлакатҳои хориҷӣ дар қаламрави он, балки бештар ба кӯмаки мушаххаси иқтисодӣ, техникӣ ва гуманитарӣ ниёзманд аст.
Дар охир Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таҷлили 1150 – солагии асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар саросари ҷаҳон ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт: «Ба ақидаи ман, арзишҳои умумибашарие, ки Рӯдакӣ онҳоро тарғибу ташвиқ намудааст, имрӯз бо ҳадафу вазифаҳои СММ дар саросари ҷаҳон ҳамоҳанганд ва устуворсозии дӯстии халқҳо, вусъати гуфтугӯи байни фарҳангҳо, ғояҳои башардӯстона ва тавозуни зиндагиро тараннум менамоянд».
Қобили таъкид аст, ки имрӯз бо забони Сардори фарҳангпарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лафзи нобу ширин ва шоиронаи тоҷикӣ бори дигар аз минбари олии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид садо дод.
Чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама», ки аз ҷумлаи ҳамоишҳои Иҷлосияи 63– юми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид буд, таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт ва ин, албатта, гувоҳӣ аз нақши намоёни Тоҷикистон дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии обӣ ва қабул гаштану татбиқшавии пешниҳодоти Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа аст.
Дар қисмати ифтитоҳии он дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Питер Балкененд, ноиби канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Франк Валтер Штайнмайер, фиристодаи махсуси Ҳукумати Япония Ёрико Кавагучӣ, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Муттаҳидаи Танзания Девид Мвакиуса чун намояндаи Иттиҳоди Африко иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла ба нақши Тоҷикистон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии обӣ баҳои баланд доданд.
Чунонки огоҳӣ доред, солҳои 2005-2015 бо пешниҳоди Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар тамоми ҷаҳон эълон гаштааст.
Дар суханронии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун таъкид гардид, ки бо татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ҳар сол шумораи одамоне, ки ба оби тозаи нӯшиданӣ дастрасӣ доранд, бояд 175 миллион нафарӣ зиёд шавад. Ба андешаи ӯ, яке аз роҳҳои асосии зиёд намудани дастрасии одамон ба оби тозаи нӯшиданӣ кам кардани сарфи об дар обёрии заминҳои корам аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ, аз ҷумла, изҳори боварӣ намуд, ки ин ҳамоиши сатҳи олӣ дар ҳалли яке аз вазифаҳои асосии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола-ду маротиба кам кардани шумораи одамоне, ки ба оби тозаи нӯшиданӣ ва шароитҳои санитарӣ дастрасӣ надоранд, нақши намоён мегузорад.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фоҷиаи баҳри Арал, ки ба гуфти ӯ «натиҷаи сиёсати обии кӯтоҳандешонаи инсон ва сарфи назар кардани омилҳои экологӣ аст», ёдовар шуда, изҳор дошт: «Ин қазияи маркази қитъаи АврОсиё аз сатҳи минтақавӣ дур рафта, ба мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфтааст» ва таъкид дошт, ки баҳри ҳалли ин масъала тадбирҳои мусоиди байналмилалӣ бояд андешида шаванд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки баҳри баррасии шоистаи масоили об Иҷлосияи махсуси Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид даъват карда шавад ва соли 2010 дар шаҳри Душанбе Анҷумани байналмилалӣ оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» гузаронда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки нимаи дуюми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ба масоили таъмини оби тозаи нӯшиданӣ ва шароитҳои санитарӣ ба миллионҳо эҳтиёҷмандони он бахшида шавад.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди худро дар бораи сохтмони қубури обрасонии минтақавӣ аз кӯли Сарез бори дигар ба миён гузошта, таъкид намуд, ки татбиқи ин лоиҳа ҳам ба таъмини миллионҳо одамон бо оби тозаи нӯшиданӣ ва ҳам ба кам кардани хатари кандашавии сарбанди табиии кӯли мазкур мусоидат мекунад.
Баъди анҷоми Чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама», ки бо ибтикори ҳукуматҳои Япония, Нидерланд, Олмон ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» доир гашт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раисикунандаи он барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки пешниҳодҳои дар ин чорабинӣ бамиёнгузошташудаи вобаста ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва санитария дар ояндаи наздик амалӣ хоҳанд шуд.
Нимаи дуюми рӯзи 25 сентябр дар бинои СММ таҳти ҳамраисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Финляндия Таря Каарина Халонен чорабинии сатҳи олии «Баррасии дастовардҳои Ҳадафҳои рушд, ки дар Эъломияи ҳазорсола омадаанд», баргузор гардид.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш ҳамчунин суханронӣ намуда, аз умедҳои зиёди ҳамагон, ки ба Эъломияи ҳазорсола баҳри «таъмини некӯаҳволии саросарӣ, адолат ва рушди дарозмуддат» баста буданд, ёдовар шуд ва бо таассуф изҳор дошт: - «Сарфи назар аз дастовардҳои намоён дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои алоҳида, дар маҷмӯъ то андозае қафомонӣ ва дуршавӣ низ аз самтҳои муайяннамудаамон ба назар мерасад».
Бо назардошти мушкилоти иловагие, ки «тағйирёбии глобалии иқлим, болоравии босуръати нархи маводи сӯхту озуқаворӣ ва офатҳои табиию техногенӣ ба миён овардаанд, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба гузарондани мулоқотҳои ҳарсола баҳри баҳогузории пешрафт ва дастовардҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дастгирӣ намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон омода аст, саҳми намоёни худро баҳри татбиқи ин ташаббус гузорад.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба тақсимоти одилонаи хароҷот байни кишварҳо, аъзои ҷомеа ва наслҳо таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шавад.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҳамкории бахши давлатӣ бо доираҳои соҳибкорӣ ва аҳли ҷомеа, тарзи равонасозии захираҳои молиявию техникӣ ба бартарафсозии омилҳои монеашавандаи рушди бемайлон, ҳифзи муҳити зист ва омодасозии аҳолӣ баҳри пешгирии офатҳои табиию техногенӣ ва истодагарӣ дар муқобили онҳо аз вазифаҳои ҳаётан муҳим мебошанд.
Дар ҳошияи Иҷлосияи 63– юми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Нию-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, роҳбарони як зумра давлатҳои ҷаҳон ва дигар ходимони сиёсию ҷамъиятии сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Дар вохӯрӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаю барномаҳои гуногуни он баррасӣ шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд дода, ба он баҳри дастгирии Тоҷикистон дар бартараф кардани оқибатҳои зимистони вазнини гузашта арзи сипос намуд.
Гуфтугӯи судманд оид ба дастгирии лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла баҳри сохтмони нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба Конфронси байналмилалӣ баҳри натиҷагирӣ аз татбиқи нимаи якуми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», ки бояд соли 2010 дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад, ёдовар шуда, Пан Ги Мунро даъват намуд, ки дар он иштирок намояд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон омода аст, Маркази муштараки ЭСКАТО ва ЕЭК-и Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иқтисодӣ дар Осиёи Марказиро дар ҳудуди худ ҷойгир кунад.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афғонистон ва афзоиши хатари терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯ сурат гирифт.
Дар мулоқот бо Президенти Финляндия Таря Каарина Халонен масоили густариш додани ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.
Байни Эмомалӣ Раҳмон ва хонум Таря Каарина Халонен ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои чорабинии сатҳи олӣ оид ба баррасии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, ки ҳарду дар он ҳамраисӣ доштанд, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аввалин шуда баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар кишвари худ барномаю стратегияи дахлдор қабул намуда, рафти иҷрои онҳоро аллакай дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.
Изҳори боварӣ шуд, ки Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба тағйироту таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза мутобиқ гардонда мешаванд.
Аз мунтазамии робитаҳои сиёсии ду кишвар ва саҳми Финляндия дар таҳияи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ба роҳ мондани робитаҳои бевоситаи байни соҳибкорони ду кишвар, вусъат додани тиҷорат, бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва иштироки Финляндия дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати кӯҳӣ аз самтҳои имконпазири рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар арзёбӣ гардид.
Дар вохӯрӣ бо Президенти Латвия Валдис Затлер масоили барқарорсозии робитаҳои анъанавии иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои барои ҳар ду кишвар судманд баррасӣ шуд.
Зимни сӯҳбат зарурати ба роҳ мондани робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ ва муҳайё намудани заминаи қарордодию ҳуқуқӣ баҳри густариш додани ҳамкориҳои гуногунсоҳа таъкид гардид.
Соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, гидроэнергетика, саноати хӯрокворӣ ва кимиёвӣ, коммуникатсия ва туризм аз самтҳои манфиатбахши ҳамкорӣ маънидод гаштанд. Зимни гуфтугӯи пурмӯҳтаво мусоҳибон омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариш додани робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судбахш таъкид намуданд.
Дар мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хан Суюнг-су оид ба роҳҳои густариш додани ҳамкории барои ҳар ду кишвар судманд гуфтугӯи пурмӯҳтаво сурат гирифт.
«Тоҷикистон Кореяро шарики боэътимоди худ дар минтақа медонад», изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба ҳукумати он барои дастгириҳои пайвастаи кишвари мо арзи сипос намуд.
Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хан Суюнг-су изҳор дошт: «Тоҷикистон на танҳо кишвари зебост, балки дорои захираҳои фаровони табиӣ буда, дар чорсуи Шоҳроҳи таърихии Абрешим қарор дорад».
Эмомалӣ Раҳмон ва Хан Суюнг-су изҳори боварӣ намуданд, ки технологияҳои пешқадами Корея ва захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон бо нерӯи зиёди кориаш заминаи мусоиди ҳамкорӣ барои ду кишвар фароҳам месозанд.
Гуфтугӯи судманд оид ба рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногуни саноат, гидроэнергетика, электроника, телерадиокоммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо сурат гирифт.
Хан Суюнг-су аз рӯзгор ва фаъолияти кореягиҳои муқими Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Корея ҳамчунин баҳри густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ бо кишвари мо ҳавасманд аст.
Эмомалӣ Раҳмон Хан Суюнг-суро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Дар вохӯрӣ бо муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Вилям Бернс ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла ҳамгироиҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи амният изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати густариш додани робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро ба миён гузоштанд.
Зимни сӯҳбат атрофи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, ташкили бозори минтақавии нерӯи барқ ва робитаҳо бо муассисаҳои байналмилалии молиявӣ гуфтугӯ сурат гирифт.
Мусоҳибон ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистон ва дурнамои он ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот бо Шоҳзодаи Нидерланд Вилям Александр оид ба масоили ҳамкории дуҷонибаи ду кишвар ва тадбирҳои муштараки онҳо, ки баҳри ҳаллу фасли мушкилоти глобалии обӣ амалӣ мегарданд, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Нидерланд яке аз шарикони намоён ва боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо ва Тоҷикистон аз ҳамин гуна шарикони Нидерланд дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.
Дар вохӯрӣ бо Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Роберт Золлик масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни робитаҳо бо Бонки умумиҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки имконоти истифода нашудаи ҳамкорӣ бо он алҳол хеле зиёданд.
Роберт Золлик аз имкони вохӯрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: - «Мо аз мушкилоту эҳтиёҷоти Тоҷикистон, аз ҷумла хисороте, ки зимистони шадиди гузашта ворид намуд, хуб огоҳӣ дорем ва Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкории худро бо кишвари шумо тавсеа бахшад, пеш аз ҳама дар роҳи азхуднамоии захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ».
Мусоҳибон оид ба ташкил додани консорсиуми байналмилалӣ барои идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ҷалби сармоя ба лоиҳакашӣ ва бунёди нерӯгоҳи Санобод дар вилояти Бадахшон ва татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахши ин соҳа гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, беҳтарнамоии минбаъдаи фазои инвеститсионии Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир шуд.
Татбиқи босамари лоиҳаи КАСА-1000, ки сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар назар дорад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ маънидод шуд.
Зимни гуфтугӯи пурмӯҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо таъкид намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ЮНЕСКО Коучиро Матсуура мулоқоти пурмӯҳтаво анҷом дод.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ЮНЕСКО баҳри дастгирии намоён аз чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла таҷлили 1150-солагии одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сатҳи ҷахонӣ арзи сипос кард.
Мусоҳибон оид ба ҳифз, тарғибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ кардани осори бебаҳои таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва миллати тоҷик гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Директори генералии ЮНЕСКО Коучиро Матсуура ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил изҳор дошт, ки баҳри ба номгӯи Ёдгориҳои Ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани осори фарҳангию таърихии Тоҷикистон корҳои намоён ба сомон мерасанд.
Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳар ду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри густариши ҳамкориҳои судбахш таъкид намуданд.
Дар вохӯрӣ бо Президенти Созмони байналмилалии ғайриҳукуматии «Волд Вижн» Дин Хирш масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории он бо Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки самтҳои асосии фаъолияти он дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ буда, дар минтақаи мо айни ҳол бо кишварҳои ӯзбекистон ва Афғонистону Покистон ҳамкории намоён ба роҳ мондааст.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Созмони байналмилалии ғайриҳукуматии «Волд Вижн» бештар таҳти сарпарастии СММ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, аз ҷумла баҳри ҳифзи саломатии модарону кӯдакон саҳмгузорӣ мекунад.
Дар мулоқот бо роҳбари ширкати «Тетис-Петролиум» Девид Робсон масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи амрикоӣ дар соҳаи истихроҷи нафту газ баррасӣ шуданд.
Девид Робсон ба Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рафти корҳои омӯзишию ҷустуҷӯӣ дар конҳои газу нафти Комсомол ва минтақаҳои Балҷувону Кӯлоб ахбор дода, бо боварӣ изҳор дошт, ки то охири соли равон аз кони Комсомол бояд истихроҷ оғоз ёбад ва гази он ба таъминоти шаҳри Душанбе равона гардад. Ба гуфти ӯ баҳри вусъат додани корҳо дар ҳамаи минтақаҳои номбурда воридшавии техникаю таҷҳизоти зарурӣ идома дорад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати ҳаётан муҳими ин навъи сӯзишворӣ барои иқтисодиёт ва аҳолии Тоҷикистон роҳбари ширкати амрикоии «Тетис-Петролиум»-ро ба баланд бардоштани суръат ва сифати корҳо ҳидоят намуд. Зимни сӯҳбат дурнамои фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон басо умедбахш арзёбӣ гардид.
Самтҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар сатҳи соҳибкорону тоҷирони ду кишвар дар воҳӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкории ин мамлакат баррасӣ шуд.
Вохӯрии мазкур аз ҷониби Шӯрои соҳибкории ду кишвар ташкил ёфта буд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст соҳибкорони Амрикоро бо нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, беҳтаршавии фазои сиёсӣ ва инвеститсионии кишвар, бунёди инфрасохтори мусоид барои рушди тиҷорату соҳибкорӣ ва ғайра шинос намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуд.
Аз суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи воломақоми Департаменти давлатии Амрико Ҷорҷ Крол бармеояд, ки ҳар ду кишвар ба рушди ҳамкориҳо дар сатҳи соҳибкорон ҳавасманданд ва ба ин кор мусоидати фаъол мекунанд. Ҷорҷ Крол, аз ҷумла изҳор дошт: - «Мо дӯсту шарики Тоҷикистон будем ва боқӣ мемонем ва ба рушди он мусоидат мекунем, то мусоидат кунем ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ». ӯ ҳамчунин мавқеи геополитикии Тоҷикистон ва тадбирҳои Ҳукумати мамлакатро баҳри рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими амнияту субот дар минтақа ва дар оянда бо нерӯи барқ таъмин намудани Афғонистон бисёр муҳим арзёбӣ карда, изҳор дошт: - «Тоҷикистон ҳамеша дар маркази диққати Амрико қарор дорад».
Байни Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони амрикоӣ сӯҳбати озоду ошкоро ва самарабахш сурат гирифт.
Роҳбари ширкати «Тетис-Петролиум» Девид Робсон чун як соҳибкоре, ки дар Тоҷикистон фаъолияти босамар дорад, ба фазои сармоягузории он баҳои баланд дода, дигар соҳибкорони амрикоиро ба ҳамкорӣ бо кишвари мо даъват намуд.
Зимни саволу ҷавобҳо ҳавасмандии зиёди соҳибкорони Амрико баҳри ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аён гашт. Таваҷҷӯҳи зиёд ба захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон, аз ҷумла нафту газ ва дигар навъҳои сӯзишворӣ ва ба туризми кӯҳӣ зоҳир гардид.
Бо истифода аз фурсати мусоид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷики дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳсилкунанда ва дигар ҳамватанони муқими ин кишвар мулоқот орост.
Бояд таъкид намуд, ки мулоқоту сӯҳбатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ба як анъанаи накӯ ва ҳамешагии сафарҳои хориҷии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтааст ва ин вохӯрӣ бори дигар пайравии устувори ӯро ба ин кори самарабахш собит намуд.
Дар вохӯрӣ наздики сесад нафар ҳамватанони мо, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, иштирок доштанд. Шумораи зиёди онҳоро донишҷӯён ташкил доданд, ки ба ин кишвар баҳри гирифтани таҳсилоти олӣ аз рӯи касбу ҳунарҳои муосири барои рушди имрӯзу фардои Тоҷикистон зарурӣ омадаанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо нақшаю барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди иҷтимоиёту иқтисодиёти кишвар, фарҳанг, илму маърифат ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шинос намуда, барояшон маслиҳатҳои муфид дод. Аз ҷумла донишандӯзиро рисолати имрӯзаи донишҷӯён арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки ба омӯзиши амиқи илмҳои замона муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.
Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони муқими Амрико як маҳфили озоду ошкорои саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он беш аз ҳама донишҷӯён, соҳибкори ҷавон Эраҷ Бобоев, корманди як ташкилоти байналмилалии молиявӣ Эркин Мустафоқулов ва дигарон хеле фаъол буданд.
Ин мулоқот ва сӯҳбатҳои озоду ошкоро бо Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору сарфарозии донишҷӯён гашт ва онҳо қавл доданд, ки баҳри омӯзиш ва азбарсозии илмҳои замона ҷаҳду талош меварзанд.
Таи сафари панҷрӯзаи худ ба шаҳри Нию-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёда аз 20 чорабинии васеъ ва мулоқотҳои дуҷониба иштирок намуда, баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои минбаъдаи кишварамон бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ, пеш аз ҳама бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамчунин баҳри боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори сиёсии Тоҷикистон дар ҷаҳон қадамҳои устувор гузошт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5985