logo

порлумон

ОЁ ФОИЗИ ҚАРЗҲО ПАСТ МЕШАВАД?

Ба ин суол Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, зимни иштирок дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ посух дода, иброз дошт, ки фоизи қарзҳо асосан аз бозор, яъне аз таклифу пешниҳодҳо вобаста аст.

Имрӯз талабот ба қарз хеле зиёд аст. Соли 2013 фоизи қарзҳо 24 буд ва имсол ба 24,72 фоиз расид. Назар ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ ин қарзҳо асосан аз ҳисоби пасандозҳо дода мешаванд. Фоизи миёнавазни пасандозҳо имсол баръакс паст шудааст. Агар соли гузашта 15,75 фоиз бошад, имсол ба 15,13 фоиз расид. Яъне 0,6 фоиз пасттар шудааст. Бо вуҷуди баланд будани фоизи қарзҳо баргардондани қарзҳои хурд ба 98 фоиз мерасад.
Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, гуфт, ки яке аз омилҳои рушд наёфтани соҳибкории хурду миёна баланд будани фоизи қарзҳост. Бинобар ин, бояд фоизи қарзҳоро паст кард ва шароити мусоидеро барои  соҳибкорон фароҳам  сохт, то ки теъдоди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ афзоянду ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд. Баъзе бонкҳо ва муассисаҳои қарздиҳӣ маблағҳоро аз хориҷи мамлакат бо фоизи паст, яъне аз 6 то 12 ворид карда, ба мардум бо фоизи баланд медиҳанд. Магар фоизи қарзҳоро то чор маротиба афзун кардан аз рӯи инсоф аст?!
Шояд вақти он расида бошад, ки ҳамон бонкҳо ва муассисаҳои қарздиҳии хориҷӣ вориди бозори кишвар шаванду бевосита ба мардум бо фоизи паст қарз диҳанд?
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2014    №: 230    Мутолиа карданд: 1634
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед