logo

порлумон

ҚАРЗИ «БАРҚИ ТОҶИК» КАМ МЕШАВАД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» илова ворид шуд. Инчунин як қатор созишномаҳо бо Бонки аврупоии таҷид ва рушд ба тасвиб расид.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми вазири молия, зимни баррасии он иброз дошт, ки қарзи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сангтӯда -1» дар назди буҷет аз рӯи андозҳо то 1 ноябри соли равон 25,4 миллион сомонӣ, аз ҷумла фоизҳо 5,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Мавсуф гуфт, ки сабаби асосии пайдоиши қарзи ҶСК «Сангтӯда -1» дар назди буҷет напардохтани ҳаққи истифодаи неруи барқ аз ҷониби Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» мебошад.
То 1 ноябри соли ҷорӣ қарзи ШСХК «Барқи тоҷик» дар назди ҶСК «Сангтӯда - 1» 418,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қарзи солонаи ШСХК «Барқи тоҷик» дар назди буҷет аз рӯи андозҳо ба маблағи 185,6 миллион сомонӣ расидааст.
Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур дастгирии давлатии молиявии ҶСК «Сангтӯда - 1» буда, фоизи маблағи қарзи андозҳо дар соли 2014, ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба  ШСХК «Барқи тоҷик» ба вуҷуд омадааст ва тибқи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ҳисоб карда намешавад.
Раҳматзода Рустам, раиси ШСХК «Барқи тоҷик», сабаби пайдо шудани қарзро дар он медонад, ки як кВт барқро аз ҶСК «Сангтӯда - 1» бо нархи 11,2 дирам харида, ба мардум бо нархи 10,89 дирам пешниҳод мекунад. Мувофиқи лоиҳаи мазкур қарзи андози ҶСК «Сангтӯда - 1» ба Кумитаи андоз ва қарзи ШСХК «Барқи тоҷик» ба ҶСК «Сангтӯда - 1» ба маблағи 30 миллион сомонӣ кам мешавад.
Назар ба гуфтаи Раҳматзода Рустам,  қарзи ширкат ба ҶСК «Сангтӯда-1» дар давоми соли ҷорӣ ва соли оянда ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ пардохт мегардад.
Мавсуф зикр кард, ки қарзи ширкат назди ҶСК «Сангтӯда - 2» ба 165 миллион сомонӣ мерасад. Мувофиқи нақша ҳар моҳ ба маблағи 5 миллион сомонӣ  пардохт мешавад. Сабаби пайдо шудани қарз дар он аст, ки барқро бо нархи қариб 15 дирам харида, ба миқдори 10,89 мефурӯшанд.
Имрӯз ҷамъоварии маблағи ҳаққи барқ ба 81,2 фоиз расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60 миллион сомонӣ зиёд аст. Раҳматзода Рустам дар посух ба саволҳои Шукурҷон Зуҳуров оид ба фурӯши барқ ба хориҷи кишвар гуфт, ки ба миқдори 1,2 миллиард кВт интиқол гардидааст, ки ба 34,4 миллион сомонӣ баробар аст.
Ҷамолиддин Нуралиев зимни баррасии Созишномаи кафолати байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО - и Қайроққум» гуфт, ки ин неругоҳ солҳои 1956 - 57 бо иқтидори 126 мегават сохта шудааст.
Дар давоми беш аз 50 соли истифода таҷҳизоти он фарсуда гардидаанд. Бинобар ин, бе таҷдид ва таҷҳизи неругоҳ истифодаи он дар оянда хатарнок аст. Илова бар ин, моҳи январи соли 2014 дар натиҷаи расиши кӯтоҳ баъзе агрегатҳо аз кор монданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи мазкур моҳи июли соли 2014 созишномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи таҷдиди НБО - и Қайроққумро дар шаҳри Душанбе ба имзо расонд. Ҳадафи асосӣ зиёд намудани иқтидори неругоҳ аз 126 то 142 мегават тавассути пурра иваз намудани таҷҳизоти фарсуда ва насби ду агрегати нави пуриқтидор дар марҳалаи аввал мебошад.
Назар ба гуфтаи мавсуф, ҳаҷми умумии маблағи лоиҳа 75,7 миллион доллар буда, аз ҷумла қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 50 миллион доллар мебошад. Дар татбиқи лоиҳаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кафолатдеҳ баромад намуда, маблағҳои қарзӣ бевосита ба ШСХК «Барқи тоҷик» дода мешавад ва хидматрасонии қарз низ ба уҳдаи он вогузор мегардад.
Зикр гардид, ки НБО - и Қайроққум ҳамагӣ 18 фоизи талаботи вилояти Суғдро  қонеъ гардонда, 82 фоизи дигар аз ҳисоби НБО - и Норак аст.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2014    №: 232    Мутолиа карданд: 1559
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед