қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ЭКСТРЕМИЗМ (ИФРОТГАРОӢ)»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 12, мод. 697; с. 2007, № 3, мод. 158) тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ) ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.».
2. Дар зербанди в) қисми якум ва қисми чоруми моддаи 7, қисми дуюми моддаи 19 калимаи «яроқ» ба калимаи «силоҳ» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014, № 1146
Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул карда шавад.
Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон А. МИРАЛИЕВ
ш. Душанбе, 7 ноябри соли 2014, № 1642
Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, № 737
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.2014 №: 235 Мутолиа карданд: 1842