қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1999 «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 11, мод. 275; с. 2005, № 3, мод. 116; с. 2007, № 5, мод. 355; с. 2008, № 10, мод. 802; с. 2012, № 8, мод. 816; с. 2013, № 6, мод. 407) тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. Дар сархати дуюми моддаи 4 рақамҳои «179 - 82, 185, 187, 310 ва 402» ба рақамҳои «179, 1791, 1792, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 187, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402» иваз карда шаванд.
2. Дар сархати шашуми қисми дуюми моддаи 8 ва дар қисми панҷуми моддаи 9 калимаи «яроқ» ба калимаи «силоҳ» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе 27 ноябри соли 2014, № 1139
Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шавад.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. МИРАЛИЕВ
ш. Душанбе, 7 ноябри соли 2014, № 1659
Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза
бар зидди терроризм»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, № 730
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.2014 №: 235 Мутолиа карданд: 1500