қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУБОРИЗА
БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ»
Моддаи 1. Дар моддаи 172 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1999 «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 11, мод. 275; с. 2005, № 3, мод. 116; с. 2007, № 5, мод. 355; с. 2008, № 10, мод. 802; с. 2012, № 8, мод. 816; с. 2013, № 6, мод. 407) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар қисмҳои якум ва чорум калимаи «қонунгузории» ба калимаҳои «санадҳои меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шавад;
- қисми панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани манъи воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014, № 1138
Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2014, № 1613
Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи
мубориза бар зидди терроризм»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро бар¬расӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, № 729
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.2014 №: 235 Мутолиа карданд: 1513