қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ДАВЛАТИИ СУДӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №7, мод. 404; с.2007, №3, мод.160; с.2012, №4, мод. 254) тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. Дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи 9 ва қисми 4 моддаи 37 калимаҳои «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 3 моддаи 25 калимаи «фактҳоро» ба калимаи «ҳолатҳоро» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 3 моддаи 37 калимаҳои «ба кор бурдани яроқ» ба калимаҳои «истифода бурдани силоҳ нисбат» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014, № 1144
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 29 октябри соли 2014, № 1631
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, № 735
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.2014 №: 235 Мутолиа карданд: 1428