қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815; мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159; №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259; №7, мод. 714; №8, мод. 815; №12, қ. 1, мод. 1020; мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510; мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз сархати дуюми қисми 2 моддаи 53 калимаи «маҳрамона» хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми 2 моддаи 89 калимаҳои «парвандаи гражданӣ» ба калимаҳои «парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва қарори суд оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» иваз карда шаванд.
3. Ба қисми 2 моддаи 241 пас аз калимаҳои «супурда мешаванд» калимаҳои «, ки онҳо танҳо дар маҷлиси судӣ истифода бурда, баъди анҷоми ҳар як маҷлиси судӣ барои нигоҳ доштан дар парванда баргардонида мешаванд» илова карда шаванд.
4. Ба моддаи 348 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«3. Ҳангоми эълон кардани қисми муқаддимавӣ ва хулосавии ҳукм раисикунанда ба иштирокчиёни мурофиаи судӣ тартиби бо матни пурраи он шинос шуданро мефаҳмонад.».
5. Дар ҷумлаи дуюми моддаи 350 калимаҳои «нусхаи ҳукм ба айбдоркунандаи давлатӣ,» ба калимаҳои «нусхаи ҳукм ба айбдоркунандаи давлатӣ ва ба истиснои парвандаҳое, ки дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ карда мешаванд ба» иваз карда шаванд.
6. Қисми 6 моддаи 408 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«6. Қарор ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда, нусхаи он ба шахси эътироз ва шикоятоварда равон карда мешавад.».
7. Ба моддаи 479 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- дар бораи дар давлати супоридашаванда мавриди шиканҷа қарор гирифтани шахс маълумот мавҷуд бошад;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014, № 1134
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.ЗУҲУРОВ
ш.Душанбе, 1 октябри соли 2014, № 1586
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи¬кистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, № 725
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.12.2014 №: 235 Мутолиа карданд: 1697