қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РЕКЛАМА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 «Дар бораи реклама» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод.457; с.2007, №6, мод. 432; с.2008, №10, мод. 824; с.2011, №12, мод.843; с.2012, №4, мод.262) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар тамоми матни Қонун сархатҳо бо аломати дефис ( - ) ишора карда шаванд.
3. Дар қисми якуми моддаи 1 калимаҳои «ҷараёни» ва «меҳнату» ба калимаҳои «раванди» ва «кор ва» иваз карда шаванд.
4. Дар сархати даҳуми моддаи 2 калимаҳои «ҳифзи табиат» ба калимаҳои «ҳифзи муҳити зист» иваз карда шаванд.
5. Қисми нуҳуми моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Ба истеҳсол, ҷойгиронӣ ва интишори рекламае, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя намекунад, иҷозат дода намешавад.».
6. Дар моддаи 8:
- дар сархати дуюми қисми якум калимаҳои «асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё» ба калимаҳои «пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё асъори» иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
7. Дар қисми дуюми моддаи 12 калимаи «ахборе,» ба калимаҳои «ахбори оммае,» иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 14:
- ба қисми дуюм пас аз калимаи «ҳаракат» калимаҳои «дар роҳ» илова карда шаванд;
- дар қисмҳои сеюм ва чорум калимаҳои «ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо» ва «ҳокимияти давлатӣ дар маҳал» мувофиқан ба калимаҳои «маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
9. Ба қисми дуюми моддаи 15 пас аз калимаҳои «бехатарии ҳаракат» калимаҳои «дар роҳ» илова карда шаванд.
10. Матни моддаи 16 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Ҷойгиронии реклама дар биноҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ба истиснои рекламаи иҷтимоӣ манъ аст.».
11. Дар моддаи 17:
- дар қисми дуюм калимаҳои «мақомоти ваколатдори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати тандурустӣ» мувофиқан ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои «навъҳои яроқ, силоҳ» ва «яроқи» мувофиқан ба калимаҳои «намудҳои силоҳ, аслиҳа» ва «силоҳи» иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои панҷум ва шашум калимаи «яроқи» ба калимаи «силоҳи» иваз карда шавад.
12. Дар моддаи 21:
- сархати якуми қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
« - паст задани шаъну шарафи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва омӯзгорон, инчунин коҳиш додани боварии ноболиғон нисбат ба онҳо;»;
- дар сархати дуюм калимаҳои «падару модар ва шахсони дигар» ба калимаҳои «падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)» иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 25:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 25. Пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ»;
- дар матни модда калимаҳои «мақомоти давлатии ваколатдор» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
14. Дар ном ва матни моддаи 27 калимаи «ваколатдор» ба калимаҳои «ваколатдори давлатӣ» иваз карда шавад.
15. Дар моддаи 28:
- номи модда дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 28. Мақомоти худидоракунӣ дар соҳаи реклама»;
- дар қисмҳои якум ва дуюм калимаи «худтанзимкунӣ» ба калимаи «худидоракунӣ» иваз карда шавад.
16. Дар моддаи 29:
- дар қисми якум калимаҳои «мақомоти ваколатдор» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми сеюм калимаҳои «мақоми ваколатдор» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014, № 1163
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2014, № 1668
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, № 755
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.12.2014 №: 236-237 Мутолиа карданд: 1662