қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ»
Моддаи 1. Сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 69 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, № 7 – 8, мод. 614) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
“ – тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои вазифаи хизматӣ бо худ силоҳи оташфишон ва дигар воситаҳои махсус гиранд, нигоҳ доранд ва истифода намоянд;”.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014 № 1160
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҳифзи муҳити зист»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани туғйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 29 октябри соли 2014 № 1635
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014 № 751
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.12.2014 №: 236-237 Мутолиа карданд: 1644