қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО»
Моддаи 1. Ба моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 4, мод. 194; с. 2006.,№ 4, мод.199; с. 2007, №7, мод.673; с.2008, № 12, қ.2, мод.999; с.2009, № 9 - 10, мод. 545; с.2011, №6, мод. 454; с. 2013, № 12, мод. 893) қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни мазкур ба истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо машғуланд, ӯҳдадоранд оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намоянд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014 № 1156
Қарори
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва
сангҳои қиматбаҳо»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2014 № 1604
Қарори
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014 № 747
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.12.2014 №: 236-237 Мутолиа карданд: 1591