қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 331; с. 2010, №7, мод. 555; с. 2011, №12, мод. 846; с. 2013, №11, мод. 786) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати сеюми моддаи 1 калимаи «қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
2. Номи моддаи 15 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 15. Феҳристи ташкилотҳои қарзӣ».
3. Дар сархати шашуми қисми 1 моддаи 29 калимаҳои «ва ғайра» ба калимаҳои «ва хавфҳои дигар» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 2 моддаи 42 калимаҳои «ҳаракати маблағҳои пулӣ» ба калимаҳои «гардиши пулӣ» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 6 моддаи 48 калимаҳои «агар Қонуни мазкур ҳолатҳои дигарро пешбинӣ накарда бошад» ба калимаҳои «ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014, № 1154
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 9 октябри соли 2014, № 1596
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси
миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, № 745
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.12.2014 №: 236-237 Мутолиа карданд: 1560