қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 23-24, мод. 462; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 4, мод. 62; с. 1998, № 10, мод. 119; с. 2002, №4, қ.1, мод. 161; с. 2003, № 4, мод. 142; с. 2008, №6, мод. 452; с. 2009, №3, мод. 92) тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. Қисми якуми моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Муқаррароти Қонуни мазкур нисбати шахсони зерин татбиқ мешаванд:».
2. Дар матни моддаи 8 калимаи «яроқи» ба калимаи «силоҳи» иваз карда шавад.
3. Дар қисми якуми моддаи 11 калимаи «идораҳои» ба калимаи «мақомоти» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 12 калимаҳои «Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идории» ба калимаҳои «Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии» иваз карда, пас аз калимаи «вилоятҳо,» калимаҳои «шаҳри Душанбе,» илова карда шаванд.
5. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои «мақомоти ҳокимияту идораи давлатӣ» ба калимаҳои «мақомоти ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014, № 1151
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ
ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» қабул карда шавад.
Муовини якуми
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. МИРАЛИЕВ
ш. Душанбе, 7 ноябри соли 2014, № 1654
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, № 743
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.12.2014 №: 236-237 Мутолиа карданд: 1668