қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, №3-4, мод.62; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод.127; с. 2000, №11, мод.535; с. 2002, № 4, қ.1, мод.260, мод.263; с. 2003, №4, мод.141) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба Қонун муқаддима бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, вазъи ҳуқуқӣ, ҳайат, вазифаҳо, таъинот ва принсипҳои фаъолияти қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.».
2. Қисми дуюми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Қӯшунҳои дохилӣ вазифаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амалӣ менамояд.».
3. Дар моддаи 5 калимаҳои «Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми якуми моддаи 6 калимаҳои «ва амволи», «муҷтамеъҳои», «амвол» ва «амволе» мувофиқан ба калимаҳои «, заминаи», «молу мулки», «молу мулк» ва «молу мулке» иваз карда шаванд.
5. Моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
«Моддаи 7. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.».
6. Дар моддаи 9:
- дар сархати сеюм калимаи «яроқу» ба калимаи «силоҳу» иваз карда шавад;
- дар сархати чорум калимаи «амвол» ба калимаи «молу мулк» иваз карда шавад;
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои «(Қонуни Асосии)» ва «ин Қонун» ба калимаҳои «(Сарқонуни)» ва «Қонуни мазкур» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми шашуми моддаи 11 калимаҳои «Вазорати алоқа, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Хадамоти алоқа, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
8. Дар қисми сеюми моддаи 12 калимаҳои «қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва санадҳои дигари меъёрии» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми якуми моддаи 15 калимаҳои «қонуни мавҷуда ҷавобгар мебошанд» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд» иваз карда шаванд.
10. Дар қисми дуюми моддаи 25:
- дар сархатҳои шашум ва ҳаштум калимаҳои «қонуни мавҷуда» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
11. Дар моддаи 26:
- дар сархати панҷуми қисми сеюм калимаҳои «қонуни мавҷуда» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои даҳум ва ёздаҳуми қисми сеюм калимаи «амволи» ба калимаҳои «молу мулки» иваз карда шавад.
12. Дар қисми чоруми моддаи 36 калимаҳои «қонуни мавҷуда» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
13. Дар қисмҳои дуюм ва панҷуми моддаи 38 калимаҳои «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014, № 1149
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. МИРАЛИЕВ
ш. Душанбе, 7 ноябри соли 2014, № 1648
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, № 740
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 4.12.2014 №: 236-237 Мутолиа карданд: 1631