порлумон
ҲАҚҚИ ҚАЛАМ ЗИЁД МЕШАВАД
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ба тасвиб расид. Ҳамчунин ба як қатор қонунҳо тағйироту иловаҳо ворид гардид.
Давлатзода Парвиз, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи мазкур иброз дошт, ки қонуни амалкунанда ҳанӯз 2 декабри соли 2002 қабул гардида, он дар таҳрири нав пешниҳод мешавад.
Дар лоиҳаи доираи фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ мушаххас гардида, самти фаъолияти нав бо унвони дипломатияи иқтисодӣ илова шудааст. Мавсуф зикр кард, ки тибқи консепсияи таҷдиди сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2007 қабул шудааст, дар вазорат аллакай сохтори нав – шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ фаъолият дорад ва дар оянда ба раёсат табдил хоҳад шуд. Вобаста ба ин дар моддаи 5 илова шуд, ки дар ҷалби сармоягузории мустақим барои амалигардонии барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла аз ҳисоби қарзҳо ва грантҳои аз тарафи созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ ва молиявӣ пешниҳодшаванда иштирок менамояд. Дар лоиҳаи қонун ба кадом категорияи кормандон дар кадом асос ва ба кадом муҳлат додани рутбаҳои дипломатӣ дар моддаи алоҳида муайян шудааст. Дар лоиҳа додани рутбаҳои дипломатӣ дар баробари кормандони хизмати дипломатӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъ-алаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, пешбинӣ гардид.
Назар ба гуфтаи мавсуф, Низомномаи тартиби додани рутбаи дипломатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул хоҳад гардид, ки дар он масъалаи мазкур пурра ба танзим дароварда мешавад. Дар лоиҳаи қонун оид ба кафолат ва ҷубронпулиҳо ҳангоми кор дар хориҷа ба ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо пешбинӣ гардидааст.
Бунафша Одинаева, муовини вазири фарҳанг, оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» гуфт, ки он бо мақсади дастгирӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳли эҷоди кишвар, ҳамчунин дар сатҳи дахлдор танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳаққи қалами муаллифон бо дарназардошти сатҳи таваррум мебошад. Дар робита ба ин, ба қисми ҳафтуми моддаи 26 қонуни мазкур тағйирот ворид гардид. Тибқи он дар баробари зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг андозаи ҳади ақалли ҳаққи қалами муаллиф низ индексатсия карда мешавад. Он кафолати иловагии ҳифзи иҷтимоии моликони моликияти зеҳнӣ дар кишвар ба шумор рафта, дар худ ҳавасмандкунии шахсии аҳли қаламро таҷассум менамояд.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зимни баррасии Созишномаи грантӣ оид ба кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба дастгирии лоиҳаи «Пешгирии гузаштани ВИЧ/СПИД аз модар ба кӯдак дар Тоҷикистон» гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 бақайдгирии сирояти вирус оғоз гардида, шумораи сироятёфтагон то сентябри соли 2014 ба 6309 нафар расидааст, ки аз он 4420 нафар мард, 1889 нафар зан ва 501 нафар кӯдак аст. Аз ҷумла шумораи занони ҳомиладори сироятёфта ба 448 нафар расида, 188 кӯдак аз модар сироят ёфтааст. То кунун 58 кӯдак фавтида, 400 кӯдак ба табобат фаро гирифта шудааст.
Мавсуф зикр кард, ки Созишномаи мазкур 25 июни соли 2014 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дафтари кории Бонки исломии рушд ба имзо расид.
Мақсад аз амалӣ намудани лоиҳаи мазкур пешгирии сирояти кӯдакон аз модар ба кӯдак тавассути баланд бардоштани иқтидори кадрии кормандон, дастрасӣ ба маҷмӯи хизматрасонии махсусгардондашудаи тиббию санитарӣ ва баргузории чораҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Маблағи гранти бонки мазкур ва дигар шарикон қариб ба як миллион доллар мерасад.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид ба он дошт, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳини бозгашт ҳатман аз ташхиси вируси норасоии масунияти одам гузаранд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.12.14 №: 238 Мутолиа карданд: 7166