фармонҳои президент
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» фармон медиҳам:
1. Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2015 таъйин карда шавад.
2. Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2015 таъйин карда шавад.
3. Ба инобат гирифта шавад, ки интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” 1 марти соли 2015 гузаронда мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 5 декабри соли 2014, № 306
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 9.12.14 №: 240 Мутолиа карданд: 2871