logo

илм

КИМИЁИ САОДАТ

Ҳомид Ёқубов соли 1952 барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии шаҳри  Ленинград (ҳоло Санкт - Петербург) меравад. Фаъолияти илмиашро асосан баъди хатми шуъбаи аспирантураи донишгоҳи мазкур дар Пажӯҳишгоҳи кимиёи ба номи В. Никитини Академияи илмҳои ҷумҳурӣ оғоз намуда, дар соҳаи кимиё ба дастовардҳои нодир ноил мегардад. Ӯ асосгузори мактаби кимиёи физика ва кимиёи пайвастҳои координатсионӣ дар Тоҷикистон, ташкилкунанда ва нахустин мудири кафедраи кимиёи физикӣ ва колоидии ДМТ мебошад. Саҳмаш натанҳо дар пешрафти илми кимиёи тоҷик, балки дар тарғибу ташвиқи он дар ҷомеа, инчунин баланд бардоштани шуҳрати ниёгон миёни аҳли илму фарҳанги кишварҳои мухталиф зиёд аст.

Беш аз 300 мақолаҳои илмиаш дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп гардидаанд, ки то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд. Барои бозёфтҳои нави илмӣ соҳиби 23 патенти ихтироот гардидааст.
Декани факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин шуд. Сохтори он дигар гардид ва шароит фароҳам оварда шуд, ки раванди таълим бо раванди корҳои илмӣ ҳамоҳанг гардад.
Паҳлуҳои фаъолияти Ҳомид Ёқубов  гуногунҷабҳа буда, он аз ҳар ҷониб ибратомӯз мебошад. Соли 1966 «Хонишҳои синоӣ»-ро  ташкил намуд. Мақсад аз он ба олимони ҷавону шогирдон ошно намудани мутахассисони маъруф, дастоварду комёбиҳои соҳа ва ба ин роҳ ҷалб намудани ҷавонон ба кимиё буд. Ин боис гардид ки олимони маъруфи кишварҳои дигар ба Тоҷикистон омада, бобати дастоварду комёбиҳои илмиашон дар назди олимону донишҷӯёни тоҷик суханронӣ кунанд.
Дар тарбияи шогирдон низ нақши зиёд гузоштааст. Бо роҳбарии ӯ ҳар сол 2 - 3 нафар донишҷӯи беҳтарини курси панҷуми Донишгоҳи миллӣ барои ҳимояи рисолаҳои дипломӣ ба Донишгоҳи давлатии Санкт - Петербург мерафтанд. Олимони варзидаи соҳа аз ҷумла Б. Николский,  В. Полчевский, А. Пендин В. Парамонова, Я. Герасимов маҳз бо даъвати ӯ ба донишҷӯёни тоҷик аз фанни кимиёи физикӣ ва тахассусӣ лексия мехонданд. Ин мӯҷиб гардид, ки майлу рағбати донишҷӯён ба ин илм биафзояд. Корҳои илмӣ  дар робита бо мактабҳои бузурги илмии академикҳо Б. Николский, В. Спитсен, Г. Флёров, Ю. Кукушкин ва дигарон сурат мегирифт. Ба роҳ мондани чунин ҳамкориҳо бо олимони барҷастаи соҳа имкон дод, ки дар муддати начандон тӯлонӣ зиёда аз 30 омӯзгорону аспирантон ва кормандони кафедраи кимиёи физикӣ ва колоидии ДМТ рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намоянд.
Ҳомид Ёқубов дар соҳаи химияи коорди-натсионӣ таҳқиқоти зиёде анҷом дода, ихтирооти зиёд ба даст овардааст. «Таркиб барои пӯшиши чигити луч», «Тарзи ҳосил кардани феррити шпинеллӣ», «Тарзи ҳосил кардани сорбенти фосфордор», «Таркиб барои коркарди навдаҳои ангур», «Усули ҳосил кардани таркиби кимиёӣ барои афзоиши ниҳоли пахта ва ангур» аз зумраи онҳост.
Бештари ихтирооти илмиаш оид ба пайвастҳои  координатсионӣ мебошад. Маҳз ба ин мавзӯъ даст задани олим ба он хотир  аст, ки ин паҳлуи кимиё ҳамчун як самти илм пурра омӯхта нашуда буд. Баъдан, илм аллакай муайян намуда буд, ки пайвастҳои координатсиониро метавон дар соҳаҳои тиб, кишоварзӣ, илму техника васеъ истифода намуд. Инчунин якчанд ихтироот оид ба пайвастҳои координатсионии оҳан, мис, анион, тезоби атсетат, салестселат, доштанд. Ин пайвастҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошанд. Зеро дар таркибашон микроэлементҳое мавҷуданд, ки барои ҳамаи  узвҳои организми зинда заруранд ва аз ҷиҳати биологӣ фаъол мебошанд.
Яке аз ихтирооти ӯ бо ҳамкасбонаш бо пайвастаи координатсионии оҳан ва анионҳои атсетат пеш аз кишт тар намудани чигити пахта ва барои мубориза бар зидди бемории хларози ангур мебошад. Таҳқиқоти дар ин самт анҷомдода нишон доданд, ки пайвастҳои координатсионӣ бисёр  самараноканд . Хусусан бар зидди касалии хлорози ангур. Натиҷаи таҳкиқот дар Иттиҳодияи агросаноатии Шаҳринав ва дигар хоҷагиҳои токпарварӣ нишон дод, ки ин пайвастҳо натанҳо ангурро аз бемории хлороз наҷот медиҳанд, балки бисёр функсияҳои рустаниҳо барқарор ва сифату  миқдори он  зиёд мешавад. Дар натиҷа аз ҳар гектар имкони 20-25 сентнерӣ ҳосили иловагӣ гирифтан мумкин аст.
Дар кишти пахта пайвастҳои координатсионӣ чунин истифода мешуд: Чигитро дар маҳлули ҳосилшуда муддати 18 -20 соат нигоҳ дошта, баъдан онро кишт мекарданд. Ин имкон  медод, ки чигит қувва  гирифта, решааш мустаҳкам шавад, аз касалиҳои гуногун эмин ва ҳосилнокиаш зиёду сифаташ хуб гардад.
Ихтирооти дигари олим, ки дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода мешуд, аз партовҳои Заводи нуриҳои  азотии Вахш, ҳоло «Тоҷик Азот» ҳосил намудани метронурӣ буд. Ин партовҳо, ки чандин ҳазор тоннаро ташкил менамуданд, ба муҳити экологӣ хатар эҷод мекарданд. Баъди мавриди омӯзиш қарор додани  партовҳо маълум шуд, ки дар таркиби онҳо оҳан, мис, руҳ, яъне мавод барои пайвастҳои координатсионӣ мавҷуд аст. Ҳомид Ёқубов ҳамроҳи шогирдон баъди ҷустуҷӯву омӯзиши зиёд муайян намуд, ки  чӣ тавр ин филизотро ҷудо карда, пайвастҳо ҳосил намояд. Барои анҷоми ин кор бо роҳбарии  ӯ чандин рисолаҳои номзадӣ  низ ҳимоя гардида буд.
Аввалин пайвасти координатсионӣ, ки аз ин филизот ҳосил гардид, дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода мешуд. Номи онро FГА гузошта буданд. Истеҳсоли онро дар Заводи гидрометаллургияи шаҳри Исфара ба роҳ монданд. Ҳамин тавр, бори аввал  якуним ҳазор тонна чунин метронурӣ истеҳсол гардид.
Умуман, Ҳомид Ёқубов дар рушди илми тоҷик саҳми зиёд гузоштааст ва   имрӯз шогирдонаш пайравони мактаби илмии ӯ ва пешбарандаи илми кимиёи тоҷиканд.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.14    №: 245    Мутолиа карданд: 18276
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед