logo

маориф

МАОРИФ: ПУЛҲОИ ГУМШУДА САДДИ РОҲИ ТАЪЛИМИ БОСИФАТ

Сарфи назар аз он ки аз оғози соли нави хониш се моҳ сипарӣ мешавад, то ба ҳол дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи кишвар норасоии китоби дарсӣ ба мушоҳида мерасад. Нарасидани китобҳои дарсӣ ба раванди сифати таълим бетаъсир буда наметавонад. Пас сабаби нарасидани китобҳои дарсӣ дар чист?
Ҳайдар Шарифов, муовини директори мактаби таҳсилоти миёнаи №3 – и шаҳри Норак, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки барои хонандагони синфҳои 10 - 11 китобҳои дарсӣ намерасад. 
- Китобҳои дарсии фанҳои адабиёти тоҷик, таърих ва ҳуқуқшиносиро хонандагон аз бозор хариданд. Чанд соли охир оид ба мушкили нарасидани он китобҳои дарсӣ ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кардем, аммо ҳалли худро наёфт. Соли гузашта барои мактаббачагони ҷумҳурӣ 150 ҳазор китоби дарсӣ ва имсол 180 ҳазор нусха лозим шуд.  Ҳар сол бо назардошти афзоиши аҳолӣ теъдоди хонандагон низ зиёд мешавад, - иброз дошт Ҳайдар Шарифов.
Мактаби мазкур дар рӯйхати мактабҳои қарздор нест, соли ҷорӣ аз ҳисоби фурӯши китобҳои дарсӣ 16 ҳазор сомонӣ ба шуъбаи маорифи шаҳр супорид. Нарасидани китобҳои дарсӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, Мурғоб ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бештар эҳсос мешавад. Дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон на танҳо китобҳои дарсӣ намерасанд, балки  таълим  бо забони давлатӣ роҳандозӣ нашудааст. Мактабҳо аз китобҳои дарсии Вазорати маорифи Қирғизистон истифода мекунанд.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, эътироф менамояд, ки нарасидани китобҳои дарсӣ садди роҳи таълими босифат мегардад. Аммо ба гуфтаи вазир сабаби он қарздории шуъбаҳои маориф дар назди вазорат аст.
 - Ҳар сол бо мақсади ба раванди таълим таъсири манфӣ ворид нашудан, бидуни пардохти маблағи китобҳои дарсӣ ва қарзҳои солҳои қабл ба муассисаҳои табъу нашри зертобеи вазорати маориф ва илми кишвар, ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо китобҳои дарсӣ сари вақт фиристода мешуданд. Ин таъмини саривақтӣ боис шуд, ки масъулон дар ҷамъоварии маблағҳо саҳлангорӣ зоҳир намоянд ва қарзҳоро сари вақт насупоранд. Бархе аз мактабҳо маблағи китобҳои дарсиро супурдаанд, аммо он дар шуъбаҳои маориф ба истилоҳ ғайб задааст,- изҳори нигаронӣ кард вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Комил Исоев, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илм, мегӯяд, сабаби аввали дастнорасии мактабҳо ба китобҳои дарсӣ напардохтани маблағи китобҳои дарсии солҳои пеш гирифтаашон мебошад. Ҳар як шуъбаи маорифе, ки ба мо рӯйхати китобҳои дарсии лозимаро пешниҳод мекунад, агар қарздор набошад, онҳоро сари вақт мегирад.
- Имсол 60 ҳазор нусха китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 9 аз чоп баромад. Китобҳои дарсии фанҳои забони русӣ, (синфи 9), химия (синфи 11), география (синфи 8) ва 7 номгӯйи китобҳои дарсии дигар бо теъдоди аз 30 то 70 ҳазор нусха дар чопхона маҳфузанд. Ҳоло ҳам масъалаи нашри китобҳои дарсӣ дар хориҷи кишвар ва нопадид шудани маблағу китобҳо вуҷуд дорад. Гап сари масъалаи фурӯши садҳо адад китоби дарсӣ аст, ки бояд он танзим гардад. Барои ҳалли ин мушкилот вақт лозим аст,- гуфт  Комил Исоев.
Дар ҳоле ки намояндаи Вазорати маориф ва илми кишвар сабаби нарасидани китобҳои дарсӣ дар баъзе аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳуриро қарздории онҳо  бар асари напардохтани маблағи китобҳои дарсӣ дар солҳои гузашта мехонад, роҳбари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 3 - и шаҳри Норак мегӯяд, ки қарздор нестанд, маблағи китобҳои дарсии гирифтаашонро пурра пардохтаанд. Пас чаро мактабҳое, ки қарздор нестанд, бо китобҳои дарсӣ таъмин нашудаанд?
Дар мактабҳои ноҳияи Файзобод ҳам мушкили нарасидани китобҳои дарсӣ мавҷуд аст, аммо шуъбаи маорифи ин ноҳия беш аз 100 ҳазор сомонӣ маблағи китобҳои дарсии солҳои пеш гирифтаашро напардохтааст. Чаро сари вақт Вазорати маориф ва илм баргардонидани маблағи китобҳои дарсиро аз онҳо талаб накард? Раванди тафтиши маблағҳои ба истилоҳ нопадидшуда аз ҳисоби китобҳои дарсӣ дар шуъбаҳои маориф шубҳаовар аст. Зеро мудирони маорифе, ки дар солҳои мудирии онҳо ин қарзҳо ҷамъ шудаанд, ҳамин шабу рӯз ба вазифаи дигар гузаштаанд. Дар ҳоле ки бояд бобати пардохти маблағи китобҳои гирифтаи мактабҳои ноҳия дар назди Вазорати маориф ва илми кишвар ҷавоб медоданд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ду моҳ пеш ва шаҳри Норак як моҳ қабл аз кор рафтаанд. Ҳоло мудирони нав таъйиншудаи шуъбаҳои маориф бояд қарзи дар давраи фаъолияти мудирони қаблӣ ғуншударо баргардонанд. Баҳси қарз ва маблағҳои гумшуда то кунун, ки хонандагон нимсолаи аввали  соли хониши ҷориро баъди чанд рӯз пушти сар мекунанд, идома дорад.
Масъалаи баҳсталаби дигар, мавҷуд набудани дафтари қайди китобдорӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёна мебошад. Дар дафтари қайди китобдорӣ бояд волидайн оид  ба хариди китоби дарсӣ, теъдоди китоб ва ҳаҷми маблағи пардохтаашон имзо гузоранд.  Намояндаи вазорати маориф ва илм мегӯяд, ки ҳар сол чунин дафтарҳоро тафтиш мекунанд, аммо мо дар ягон мактаби таҳсилоти миёнаи умумии (Файзобод, Норак, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Рӯдакӣ..) ба ин гуна дафтар вонахӯрдем. Вақте аз директорони мактаб нишон додани чунин дафтари қайдро хоҳиш кардем, мавҷудияти онро рад намуда,  дафтари қайди махсуси худро нишон доданд. Дар дафтарҳои онҳо ҳам имзои волидайн вуҷуд надошт. 
Як гурӯҳ сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» нома навишта, аз  гаронии нархи китобҳои дарсӣ изҳори нигаронӣ карданд. Онҳо навиштаанд, ки шуъбаи маорифи ноҳия ҳатто китобҳои дарсии бароришашон соли 2001- ро бо нархи 3 сомониву 50 дирам ба фурӯш гузоштааст.
Дар шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фурӯши китобҳои дарсии солҳои 2001, 2004, 2005 ва 2006 – ро рад карданд. Аммо, гуфтанд, ки феълан оид ба ин масъала аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ комиссияи махсус омада, санҷиш гузаронида истодааст. Маориф бори тарбияи маънавии  ҷомеаро ба уҳда дорад, аммо бо фурӯши китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи таҳсил дар мактаб садҳо сомониро дар дохили худ гардиш медиҳад. Вазорати маориф ва илм мебоист аз рӯзи аввал назорати фурӯши китобҳои дарсиро ҷиддӣ ба роҳ мемонд, то садҳо сомонӣ гум намешуд. Зеро гум шудани маблағ ҷабр ба мардум, хонандагон ва маориф аст, на мудирони шуъбаҳои маориф, ки ба ҷойи баргардонидани қарз ба вазифаҳои дигар мегузаранд. Рафти тадқиқоти мо нишон дод, ки маблағҳо то ба дасти роҳбарони синф  ва директорони мактаб расидаанд, аммо аз он ҷо то шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати маориф ва илми кишвар нопадид гаштаанд.

Ҳарамгули ҚОДИР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.14    №: 246    Мутолиа карданд: 6136
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед