барқияҳо
БАРҚИЯИ ШОДБОШ БА НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ
16 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи шодбош ирсол намуд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Нурсултон Абишевич,
Табрикоти самимии маро ба муносибати солгарди ҷашни миллии Ҷумҳурии Қазоқистон - Рӯзи истиқлолият қабул намоед.
Барои Тоҷикистон муносибатҳо бо Қазоқистон ҳамчун як ҷузъи асосии афзалиятноки сиёсати берунӣ ҳамеша боқӣ мемонанд. Мо барои рушди рӯзафзуни он ҳавасмандем ва омодаем барои дар амал татбиқ намудани иқтидори бузург ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилае, ки кишварҳоямон соҳибанд, тамоми корҳои заруриро анҷом диҳем. Мехоҳам изҳори умед кунам, ки мо тавассути кӯшишҳои муштарак метавонем он боигарии бебаҳоеро, ки аз гузаштагонамон ба мерос гирифтаем, боз ҳам ғанитар гардонем.
Ба Шумо, муҳтарам Нурсултон Абишевич, саломатии бардавом ва барои шукуфоии мамлакат расидан ба мақсадҳои пешбинишударо хоҳонам ва ба мардуми бародари Қазоқистон беҳбудӣ ва пешрафти минбаъдаро таманно дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.12.14 №: 247 Мутолиа карданд: 3578