мулоқотҳо
Вохӯрии президентҳои
Тоҷикистон ва Туркия
15 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул мулоқот намуд.
Абдулло Гул ба Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ва ташриф овардан ба Туркия изҳори сипос намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар ва мавзӯъҳои Форуми 5-уми ҷаҳонии об баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Туркия дар масъалаҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба ва байналмилаливу минтақавӣ назари ба ҳам наздик доранд.
Сарони ду давлат аз сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои боло бурдани нишондодҳои мушаххаси равобити судманд ҳанӯз хеле зиёданд.
Зикр гардид, ки мубодилаи мол тайи ду соли охир аз ним миллиард доллар болотар аст.
Боз ҳам фаъолтар намудани кори Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи пурсамари санадҳои сершумори дуҷониба матлуб шумурда шуд.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4214