барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА МУҲАММАД НАВОЗ ШАРИФ
17 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо даҳшату ғазаб ва дарду андуҳ хабари ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи Толибон ба як мактаби шаҳри Пешоварро, ки боиси ҳалокати беш аз сад нафар кӯдакону омӯзгорон ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандони Покистон гардидааст, дарёфт намудам.
Ман итминони комил дорам, ки ин ҳодисаи ваҳшатангез, ки чеҳраи манҳуси терроризми байналмилалиро бори дигар ба оламиён нишон дод, иродаи моро ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср қавитар хоҳад кард ва ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ такон хоҳад дод.
Хоҳишмандам маротиби тасаллиёт ва ҳамдардии мардум ва Ҳукумати Тоҷикистонро қабул фармоед ва эҳсоси гарми дӯстонаи моро ба пайвандони бегуноҳ кушташудагон ва маҷрӯҳон бирасонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.12.14 №: 248 Мутолиа карданд: 3551