мулоқотҳо
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Реҷеп Тейип Эрдоган
Шоми 16 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тейип Эрдоган мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ оид ба тафсилоти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, рушди истеҳсолоти маҳсулоти тайёри саноатӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ аз роҳҳои асосии коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ маънидод гардид.
Тақвияти ҳамкориҳо дар бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, нерӯгоҳҳои нави обӣ дар Тоҷикистон ва иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории минтақаи Осиёи Марказӣ аз самтҳои асосии ҳамкории иқтисодии инвеститсионии ду кишвар маънидод гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба рӯзномаи Форуми 5-уми ҷаҳонии об ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн гуфтугӯ сурат гирифт.
Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тейип Эрдоган ба иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳаллу фасли мушкилоти глобалии вобаста ба об баҳои баланд дода, аз ташрифи ӯ ба шаҳри Истанбул изҳори қадрдонӣ намуд.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2247