logo

сафарҳо

Сардори давлат аз минтақаи озоди иқтисодии Киш дидан кард

14 марти соли 2009  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои тиҷоратию туристии минтақаи озоди иқтисодии Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки худ як ҷазираи хурдакак дар Халиҷи Форс аст, боздид кард.
Боздид аз идораи маъмурии марказ, ки Созмони минтақаи озоди иқтисодии Киш номида мешавад, оғоз ёфт.
Зимни сӯҳбату шиносоӣ бо шароити фаъолияти ин минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки дарозию паҳноии ҷазираи Киш аз шарқ ба ғарб 15,5 ва аз шимол ба ҷануб наздики 8 километр аст ва он асосан минтақаи туризму фароғат мебошад.
Минтақаи озоди иқтисодии Киш дорои терминалу шабакаҳои муосири нақлиёти баҳрӣ, заминӣ ва ҳавоӣ мебошад.
Ширкатҳои дохилию хориҷии сармоягузор бо имтиёзу сабукиҳои зиёд ташвиқу дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ дар 5 соли аввали фаъолият аз супурдани тамоми андозҳо озоданд.
Барои беҳ намудани инфрасохтори зарурии истеҳсолӣ, тиҷорӣ, хизматрасонӣ ва ғайра ба ҳисоби миёна ҳамасола ба ин минтақа ҳудуди 500 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда мешавад.
Дар ин минтақа умуман аз маблағҳои буҷети давлатӣ истифода намешавад. Он куллан аз ҳисоби сармоягузорони дохилию хориҷӣ фаъолият мекунад.
Айни ҳол дар ҷазираи Киш 5 шаҳраки саноатӣ, намояндагиҳо ва ё шӯъбаҳои 6 ҳазор ширкат ва 72 бонк пурсамар фаъолият мебаранд. 46 меҳмонхонаи ҳозиразамон  бо 10 ҳазор тахти хоб кор мекунад ва 16 - тои дигар дар ҳоли сохтмон қарор дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбатҳо бо роҳбарону масъулони минтақаи озоди иқтисодии Киш ва корхонаю ширкатҳои воқеъ дар ин ҷазира ба қарор омаданд, ки дар роҳандозии минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, рушди равобити туристӣ, хусусан туризми кӯҳию  осоишгоҳӣ ва омодасозии кадрҳои ин соҳаҳо ҳамкориҳои васеъ ба роҳ монанд.
Зимни сӯҳбатҳо бо хушнудӣ зикр гардид, ки айни ҳол зиёда аз 3000 донишҷӯи эронӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон таҳсили илм мекунад ва ин нишона аз сатҳи баланди илмомӯзӣ дар муассисаҳои илмию таълимии кишвари мо, пеш аз ҳама дар муассисаҳои тиббӣ арзёбӣ гардид.
Ба гуфти Сафири фавқулодда ва мухтори  Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст чанд сол пеш дар Тоҷикистон ҳамагӣ наздики 40 нафар донишҷӯи эронӣ таҳсили илм мекард.
Ҳар ду ҷониб вуҷуди имкону захираҳои васеи густариши равобитро таъкид намуда, баҳри ташкил ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд ҳавасмандии зиёд изҳор дошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3988
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед